ШАҲРИ БАХТУ САОДАТ
Аз файзу баракати соҳибистиқлолии мамлакат, сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии оқилонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо дар радифи зеботарин шаҳрҳои олам ҷой гирифтааст. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон – Душанбе бо латофату назокату зебоиҳои худ ба тамоми маънӣ диданӣ мебошад. Махсусан, қабои нави пойтахти нозанин дар чанд соли охир шоистаи таваҷҷуҳ мебошад.
СИМОИ МИЛЛИИ ПОЙТАХТ
Имрӯзҳо симои милливу тоҷиконаи шаҳри Душанбе диққати ҳар як сайёҳу меҳмони хориҷиро ҷалб карда метавонад. Биноҳои маъмуриву давлатӣ, марказҳои фарҳангиву таърихӣ, гулгашту хиёбонҳо, кӯчаву роҳравҳо ва умуман, ҳар як падидаи тозаи пойтахт дар чанд соли охир дар баробари ҳамоҳанг ва ҳамқадами замон будан руҳияву табиату унсурҳои миллӣ низ доранд. Тоҷикон дар гузашта дар ҷаҳон аввалин шаҳрсозон буданд ва имрӯз санъати миллии меъмории халқи тоҷик дар ҳамаи иншооти бунёдшаванда ба назар гирифта мешаванд. Осорхонаву ёдгориҳои зиёди таърихӣ дар марказ ва гӯшаву канорҳои зиёди пойтахт бо ҳастии худ аз асолати бузурги тоҷикон ҳикоят менамоянд.
ШАҲРИ БУНЁДКОРИҲОВУ СОЗАНДАГИҲО
Ягон пешрафту дастовард бидуни роҳбару роҳнамо ба даст намеояд ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар давоми чанд соли роҳбариашон Душанберо ба шаҳри бунёдкориҳову созандагиҳо табдил дода тавонистанд. Бунёдкориҳову ободиҳои пойтахт намунаи беҳтарин барои пешрафти дигар шаҳрҳои Тоҷикистон аст. Биноҳои осмонбӯси пойтахт, пеш аз ҳама, қомати баланду зебои пойтахти тоҷикон дар рӯйи ҷаҳон гардидааст. Баландтарин парчам дар пойтахт ҷилва дошта, бузургии халқи тоҷикро нишон медиҳад. Бинои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пештар ифтитоҳ ёфтанд, симои шаҳрро пурҷилотар карданд. Ифтихори ҳар яки мост, ки Душанбе дар баробари бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон қарор гирифта, бо бунёдкориҳои босуръату рӯзафзун ҳаваси ҳазорон сайёҳро аз дигар бузургшаҳрҳои олам ба вуҷуд оварда метавонад.
БО ЗАВҚИ БАЛАНДИ ЗЕБОПАРАСТӢ
Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ завқи баланди зебопарастӣ доранд ва ба ин масъала аҳаммияти ҷиддӣ медиҳанд. Аввалин гувоҳи андешаи мазкур Душанбеи гулпӯш мебошад. Чун Душанбеи имрӯзаро бо гузашта қиёс менамоем, тафовут аз замин то ба осмон аст. Душанбеи имрӯза дар тарбияи завқи эстетикии ҳар як фард нақши баланду густарда дорад. Шакли зебои биноҳои истиқомативу маъмурӣ, хиёбонҳову гулбоғҳои мунаққаш, ҳаракати нақлиёти мусофирбари наву замонавӣ дар кӯчаҳои шаҳр, марказҳои диққатрабои хизматрасониҳои маишиву фарҳангӣ ва ғайра ҳар бинандаро мафтун гардонида метавонанд. Чорабиниҳои зиёд дар самти пуртаровату зебо гардидани пойтахт ин як дарсест, ки ҷаҳони маънавии сокинони пойтахту меҳмонони онро бой мегардонад.
ПОЙТАХТИ ХУДШИНОСИҲО
Шаҳри Душанбе бо ҳама бузургиву шаҳомати худ рамзи худшиносиҳои миллӣ ба шумор меравад. Танҳо як нигоҳ ба ободиҳову манзараҳои пойтахт барои ҳар як хурду бузурги кишвар дарси хештаншиносиро омӯхта метавонад. Кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто ноҳияҳои он номи фарзандони фарзонаи миллат (Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Куруши Кабир ва ғ.)-ро доранд, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурбинона унвонгузорӣ гардидаанд. Ин, пеш аз ҳама, аз арҷгузории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони миллати куҳанбунёди тоҷик шаҳодат медиҳад. Воқеан, шаҳри Душанбеи мо дар замони Истиқлоли давлатӣ таҷассуми ҳувияту худшиносии миллии тамоми тоҷикони ҷаҳон гардидааст.
ҚАДАМҶОИ БУЗУРГОН
Душанбе қадамҷои маъруфтарин фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки онҳо замоне дар пешрафту шукуфоии сарзамини мо ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Барҳақ, Душанбе бузургтарин шахсиятҳоро дар оғӯши худ парваридаву камол бахшидааст ва ин фарзандон дар муаррифиву пешрафти пойтахт нақши муассир гузоштаанд. Аз ин ҷост, ки бо ибтикори Пешвои миллат махзанҳои бузурги илму маърифату таълим ва фарҳанг бо номи онҳо (С. Айнӣ, М.Турсунзода, С. Улуғзода, М.Осимӣ ва ғ.) гузошта шудаанд. Имрӯз пайкараву нимпайкараи онҳо аз рӯзҳои гузаштаи миллати тоҷик ҳикоят карда, дар тарбияву камоли маънавии шаҳрвандон нақш мегузоранд.
НУФУЗУ МАҚОМИ ҶАҲОНӢ
Пойтахти Тоҷикистон торафт ба маркази баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табдил меёбад. Ин ҷиҳат ба ду масъала сахт алоқаманд аст:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳбару шахсияти сулҳпарвару ваҳдатсоз эътироф менамоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷангу ихтилофи даҳшатноки шаҳрвандиро барҳам дода, миллатро сарҷамъ намуданд. Сулҳро барқарор ва ваҳдати миллиро пойдор карданд. Ин аст, ки имрӯз ҳар як давлати ҷаҳон бо эътимоду боварӣ ба Душанбе ҳамчун ба як шаҳри сулҳу осоишта менигарад. Душанбе имрӯз пойтахти яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ тавонистанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи башариро ба мубрамтарин масъалаҳои глобалӣ ҷалб намоянд. Мушкилоти оби тоза ва пиряхҳо имрӯз аз бузургтарин хатар барои ҳаёти инсоният табдил ёфта истодааст. Дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ва пиряхҳо имрӯз аз дабири кулли СММ оғоз намуда, то садҳо нафар масъули созмону ташкилоти байналмилалӣ дар доираи ҳамоишу нишастҳои сатҳи баланд ба Душанбе меоянд.
МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ
Басо гуворост, ки маданияти шаҳрдории шаҳрвандон дар чанд соли охир ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳусну зебоии шаҳр фаҳмишу дарки шаҳрвандонро дигар намуд. Хиёбонҳои шаҳр тозаву озода мебошанд ва сокинону меҳмонони пойтахт ба қадри ҳама ин зебоиҳо мерасанд. Дар роҳу роҳравҳо партовҳоро қариб, ки намебинем, ки ин далели муносибати оқилонаи шаҳрвандон мебошад. Қоидаҳои нонавишта дар пояи маърифат онҳоро водор менамоянд, ки нисбат ба тозагиву зебоиҳо бетафовут набошанд. Яъне, ҳар як сокини пойтахт дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва майдону гулгашту хиёбонҳо сайр намуда, дар тозаву обод нигоҳ доштани ин ҳама худро масъул медонад, ки инро маданияту маърифати шаҳрдорӣ мегӯянд.
РАМЗИ ВАҲДАТ
Душанбе аз ҳама лиҳоз маркази таҷаммуъ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе яке аз аввалин рамзҳои ваҳдату худшиносии миллӣ гардид. Агар бо талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаи душвори солҳои навадум пайкараи Исмоили Сомонӣ чун нахустин намуна дар маркази шаҳр қад афрохта бошад, пас имрӯз «Майдони Истиқлол»-и шаҳри Душанбе рамзи иттиҳоду ягонагии тамоми тоҷикони рӯйи дунё гардидааст. Бо шарофати сиёсати инсондӯстонаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат пойтахти ватанамон ба маркази дӯстиву рафоқат табдил ёфтааст.
ШАҲРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ
Пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе аз аввалин рӯзҳои таъсисёбӣ маркази илму фарҳангу маърифат ба шумор меравад. Даврони Истиқлол ба ин раванд суръати даҳчанд бахшида тавонистааст. Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 30 муассисаи таҳсилоти олӣ амал менамояд, ки дар қиёс бо замони Шуравӣ хеле зиёд мебошад. Феълан беш аз 200 мактаби таҳсилоти миёнаи умумиву гимназияҳову литсейҳо амал менамоянд, ки гувоҳи маркази бузурги илму маърифат будани пойтахт аст. Фаъолият доштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва даҳҳо марказҳои пажуҳишиву таҳқиқотӣ бо руҳия миллӣ дар пойтахти кишвар нуфузу эътибори Душанберо баланд гардонидаанд. Душанбе ошёни парвози наврасону ҷавонони болаёқатест, ки ба қуллаҳои баланди орзуву умедҳо боли парвоз кушодаанд. Барҳақ, Душанбе пойтахти миллати соҳибтахтест, ки ормонҳои ҳазорсоларо дар худ таҷассум кардааст.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
доктори илми филология, декани факултети журналистикаи ДМТ