Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат эътироф намуда, дар ин бобат ҳамасола тадбирҳои зиёд меандешад.
Гузариш ба муносибати босалоҳият гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат ба сифати таълим ҷиддӣ мебошад. Таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон собит месозад, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чи бештари воситаҳои иттилоот дар амал истифода намудани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ба татбиқи стандартҳои нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълими хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи самараноки раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми таҳсили босалоҳият масъулиятмандии омӯзгорон барои беҳтар гаштани натиҷаҳои таълими хонандагон бамаротиб зиёд мегардад. Низоми мазкур омӯзгорро вазифадор менамояд, ки бо ҳар як хонанда бо дарназардошти қобилияту дарки маънӣ муносибат намуда, дар гурӯҳ кор карданро ба онҳо омӯзонад, бештар масъулиятшинос бошад. Дар ин низом дар меҳвари омӯзиш хонанда қарор дорад. Ин омӯзгоронро водор месозад, ки бештар бо ҳам машварат намуда, аз таҷрибаи кории якдигар баҳравар гарданд.
Бо мақсади ташкили фазои ягонаи таълимӣ-методӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон, омӯзиш ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар назди шурои методии муассисаҳои таълимӣ иттиҳодияҳои методии фаннӣ фаъолият мекунанд. Иттиҳодияҳои методӣ яке аз роҳҳои паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Роҳбарии иттиҳодияи методиро омӯзгори соҳибтаҷриба ба зимма гирифта, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондани раванди таълимро таъмин менамояд.
Ӯ пеш аз оғози соли нави таҳсил нақшаи кории солонаи иттиҳодияро тартиб дода, барои тасдиқ ба шурои методӣ пешниҳод менамояд. Фаъолияти иттиҳодия дар давоми сол дар асоси ҳамин нақша роҳандозӣ мегардад. Мақсадҳои асосии ташкили иттиҳодияи методӣ; ташкил намудани фазои ҳамкории омӯзгорон баҳри такмили малакаву маҳорати касбӣ, омӯзиши адабиёти илмӣ, методӣ, асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ, роҳбаладии омӯзгорони навкор ва камтаҷриба, ташвиқу тарғиби таҷрибаи омӯзгорони пешқадам ва навовару эҷодкор, мустаҳкам намудани заминаи моддию маънавии фанҳои таълимӣ, тавассути маслиҳату машварат ба роҳ мондани навовариҳо ва ҳалли душвориҳои мавҷуда дар таълими фанҳо, иштирок дар дарсҳои ҳамдигар ва таҳлилу арзёбӣ.
Фаъолияти иттиҳодияи методии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар асоси нақшаи кории муассиса, дастур ва тавсияҳои кабинети методии шуъбаи маориф амалӣ мешавад. Дуруст ба роҳ мондани фаъолияти иттиҳодияи методӣ асоси ташаккул ва рушди фаъолияти касбии омӯзгорон маҳсуб меёбад. Самтҳои асосии фаъолияти иттиҳодияи методӣ инҳо мебошанд: ҳуҷҷатнигорӣ, омӯзиши санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, ёрии методӣ ба омӯзгорон дар раванди таълим, раҳнамоии мутахассисони ҷавон, омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадам, ташкили семинару машваратҳо, арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон, ташкили корҳои беруназсинфӣ, ташкили ҷараёни худомӯзии омӯзгорон, таҳияи маводи иловагии таълимӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим, истифодаи дурусти воситаҳои техникии таълим ва ғайра.
Агар иттиҳоди методӣ фаъолияти худро ҳамаҷониба ва дуруст ба роҳ монад, дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон, дар самаранокии таълиму тарбия ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон нақши муассир гузошта метавонад. Омӯзгорони ҷавон бо мақсади таҷрибаомӯзӣ бештар дар дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок намуда, бо машварату дастгирии онҳо метавонанд дар фаъолияти касбии худ мавқеи устувор пайдо намоянд. Ҳамчунин, омӯзгорони собиқадор метавонанд тавассути ташкили дарсҳои намунавӣ таҷрибаи пешқадами худро тарғиб намоянд.
Инобат РАҶАБОВА,
омӯзгори МТМУ №19-и ноҳияи Айнӣ