Чашмаи меҳру вафо

Бо ҳамкорон дар бораи фаъолияти омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ суҳбат доштем. Ман аз фаъолияти роҳбари синфи набераҳоям Роҳат Бобоева – омӯзгори МТМУ №21-и шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ кардам. Шаҳноза бошад, аз фаъолияти омӯзгори писарчааш Субҳия Мирзоева – омӯзгор, роҳбари синфи 2 «б»-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо ҳаяҷон ва шӯру шавқ нақл кард.

Ба гуфти ӯ, Субҳия хеле ҷавон бошад ҳам, дарсҳояш рангину ҷолиб сурат мегиранд. Ин хулосаро аз натиҷаи таҳсили хуби фарзандаш баровардааст. Хостам бевосита ба фаъолияти омӯзгори ҷавони болаёқат, ки сазовори боварию эътимоди волидон гардидааст, шинос шавам. Дар замоне ки паст будани донишу маҳорати иддае ба мушоҳида мерасад, баҳои як модар ба омӯзгори фарзандаш бароям муҳим аст.

Ростӣ, дар бораи фаъ­олияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва шуҳрати он матолиби зиёде дар ВАО ба нашр мерасад. Инро дар фаъолияти пурсамари роҳбарияту омӯзгорон, дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ метавон тасдиқ намуд. Шогирдони ин таълимгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 89 ҷой ва дар хориҷӣ 15 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд, ки ин аз заҳмату талоши омӯзгорон ва ташкили дурусти кори роҳбарият шаҳодат медиҳад.

Дар ин таълимгоҳ таҷрибаи хубе ҷорист; омӯзгорони хуб ҳавасманд ва қадрдонӣ мешаванд ва омӯзгорони ҷавон ба собиқадорон вобаста мегарданд. Ҳатто барои тайёр кардани мутахассисон аз давраи донишҷӯӣ ҷавононро ба ҳайси ёрдамчии омӯзгор сафарбар мекунанд, ки ба ин восита, таҷриба ҳосил менамоянд, қобилиятманду тавоно мешаванд ва ҳамчун омӯзгори лаёқатманд ба камол мерасанд.

Субҳия ҳамин гуна ба боварии роҳбарият даромад, бо донишу маҳорати баланд ва забондонӣ, навҷӯйӣ ва эҷодкорӣ, муносибати нек ба шогирдон ва падару модарон.

Тифоқо, мо дар дарси математикаи муаллим иштирок кардем ва мутмаин шудем, ки Шаҳноза ба ин духтари ҷавони пурталош баҳои сазовор додааст.

Аслан, дарс чанд паҳлуи муҳим дорад: таълим, тарбия, эҷодкорӣ. Дар дарси муаллимаи ҷавон ин ҳама бо ҳам омезиш ёфта буд. Хубии кори омӯзгор дар он зоҳир мешуд, ки ба ду паҳлуи муҳимми таълим – нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ диққат медиҳад. Мавзуъ «Ҳалли мисолҳо ва так­рори ҷадвали зарб» ном дошт. Машғулияти аввал аз тариқи бозӣ бо тӯб сурат гирифт. Муаллима тӯбро ба ҳар хонанда аз ҳар қатор партофта, аз онҳо ҷавоби ҳисоберо мепурсид. Ин тарзи кор барои бачаҳо шавқовар ҳам буд. Ягон хонанда аз пурсиши муаллима дур намемонд. Машғулияти дуюм хаттӣ иҷро шуд. Чун таҳсил дар литсей бо забони англисӣ ҷараён мегирад, китоби «Математика» ҳам бо ҳамин забон таҳия шудааст. Бартарии китоб дар он аст, ки дар дохили он баъзе мисолҳо барои ҳал ба хонандагон пешниҳод шудаанд ва онҳо дар саҳифаҳои додашуда мисолҳоро хаттӣ иҷро мекунанд.

Кор дар тахтаи синф аз вижагиҳои дигари фаъолияти омӯзгор буд. Мисолҳои фаровон барои 31 хонанда дар тахта навишта шуданд ва хонандагон чорнафарӣ мисолҳоро интихоб ва ҳал мекарданд.

Кор бо варақчаҳо ба таври инфиродӣ пешниҳод гашт. Дар варақчаҳо аксҳои гуногуни набототу ҳайвонот ва дар дохили қисмҳои ҳар кадом мисолҳо ва зери аксҳо ҷавоби мисолҳо дода шуда буд. Аз ҳар ҷавобе, ки бо рангҳои гуногун пешниҳод шуда буд, тасвири додашуда бояд ранг карда мешуд. Дар ин бозӣ-дарс бештар ангезиши зеҳнии хонандагон нақш дошт.

Шаҳноза аз он ки писарчааш аз коғаз, пластилин, чӯб ва дигар маҳсулот растаниву бозичаҳои гуногун месозад, бо забони англисӣ чизе гуфта ё навишта метавонад ва дар расмкашӣ маҳорати баланд дорад, қаноатманд аст. Гузашта аз ин, аз муносибати дилсӯзонаи омӯзгор хушҳол аст. Ба саволҳои волидон посухҳои қаноатманд медиҳад, онҳоро барои пешрафти фарзандонашон роҳнамоӣ менамояд. Дар маҷлисҳои синфии Субҳиябону аксари падару модарон иштирок мекунанд, ки аз фаъолияти босамари ӯ шаҳодат медиҳад. Омӯзгор аз ҳамкории падару модарон, аз дастгириву роҳнамоиҳои роҳбарияти мактаб ва маслиҳатҳои судманди ҳамкоронаш сипосгузор аст.

Зимни суҳбат муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Нигора Абдуғаниева иброз дошт, ки аз фаъолияти Субҳия барин ҷавонон ифтихор мекунад, зеро боиси сарфарозист, ки дар литсей чунин омӯзгорони забондон ва аз технологияи замон огаҳ фаъолият менамоянд.

Саидаи ФАЗЛ,

«Омӯзгор»