Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни ироаи Паём дар баробари дигар масъалаҳо, ба мавзуи марбут ба ҳуқуқ, имконият ва нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин навбат низ дар Паём (28.12. 2024) масоили пешбурди сиёсати гендерӣ, дастгирии иҷтимоии занон, нақши занон дар рушди маориф ва илм, дастгирии фаъолияти иқтисодии занон, баланд бардоштани нақши занон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ дар меҳвари назари Роҳбари олии мамлакат қарор гирифт.
Президенти кишвар пайваста таъкид менамоянд, ки занон қувваи бузурги рушд ва пешрафт барои ҷомеа мебошанд. Роҳбари олии кишвар зикр намуданд, ки занон ҳамчун қувваи муҳимми созанда, метавонанд ба рушди устувори Тоҷикистон саҳми беназир гузоранд. Ҳукумати кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат қадамҳои муҳиммеро барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ва ҳифзи иҷтимоии онҳо амалӣ намуда истодааст. Дар доираи сиёсати давлат барои занон як қатор барномаҳои мушаххас амалӣ шудаанд, ки ба рушди таҳсилоти духтарон, махсусан, дар минтақаҳои дурдаст, фароҳам овардани шароит барои соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок, ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии занон дар ҷойҳои корӣ, таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи имкониятҳои таҳсил ва шуғл барои занон нигаронида шудаанд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаҳои занон, на танҳо ҳамчун як ҳадафи иҷтимоӣ, балки ҳамчун шарти муҳим барои ноил шудан ба рушди устувор дониста мешавад. Занон на танҳо тарбиякунандагони наслҳои оянда, балки фаъолони асосии ҷомеа ва иқтисод мебошанд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки бидуни иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ғайриимкон аст.
Таҳсилоти босифат яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон мебошад. Дар давраи истиқлолият зиёда аз 280 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи Президентӣ 11 ҳазору 600 нафар духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Президенти мамлакат таъкид карданд, ки занон бояд дар рушди илм, маориф ва фарҳанг нақши пешбаранда дошта бошанд. Ҳоло 42 фоизи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро духтарон ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи равшани афзоиши маърифати онҳо мебошад.
Роҳбари давлат дар Паёми худ чунин иброз доштанд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.» Ин суханон нишон медиҳанд, ки занон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, бо эҳтиром ва пуштибонӣ ҳамчун як неруи фаъол ва пешбаранда арзёбӣ мешаванд.
Роҳбари давлат бо назардошти аҳаммияти ин масъала, тадбирҳои навро барои ҳимоя ва рушди ҳуқуқу имкониятҳои занон роҳандозӣ менамоянд. Ҳамаи ин иқдомот, дар маҷмуъ, барои таъмини рушди устувор ва пойдории ҷомеа мусоидат мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, занон, ҳамчун неруи фаъол ва созандаи ҷомеа, бо пуштибонии давлат метавонанд дар таҳкими истиқлоли миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд. Аз ин рӯ, амалӣ кардани ҳидоятҳои Паём метавонад ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди умумии кишвар такон бахшад.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои стратегии рушди Тоҷикистон, дар беҳбуд бахшидани вазъи зиндагии занон ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа саҳми бузург мегузорад. Ин санад на танҳо ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегирад, балки барои ташаккули ҷомеаи баробар ва имкониятҳои васеъ барои занон замина фароҳам хоҳад овард.
Мафтуна Исмоилова,
сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров