Такмили маҳорати касбии омӯзгорон

Рушди таҳсилоти фарогир аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Ҳадафи асосии таваҷҷуҳ ба таълими фарогир фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим барои кӯдакони талаботи махсусдошта мебошад, ки мутобиқшавӣ ва шомилшавии онҳоро ба ҷомеа таъмин мекунанд.

Чунин кӯдакон бидуни ягон монеа ба таълим фаро гирифта шуда, новобаста ба норасоиҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ, равонӣ ва монанди инҳо, якҷо бо ҳамсолони худ, ки эҳтиёҷи махсус надоранд, донишу малакаҳои заруриро аз худ мекунанд.

Барои кор бо ин гурӯҳи хонандагон омӯзгорони махсус фаъолият мекунанд. Дар ин росто, барои омода кардани омӯзгороне, ки муассисаҳои олии касбиро аз рӯйи ихтисосҳои махсуси таҳсилоти фарогир хатм мекунанд, бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва равоншиноси соҳибтаҷриба бошанд.

Мутахассисони дорои маҳорати баланди касбӣ, ки ба ҳайси омӯзгори таҳсилоти фарогир омода карда мешаванд, бо роҳҳои зерин дараҷаи тахассусӣ ва дониши худро метавонанд рушд диҳанд:

— зиёд намудани шумораи курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои омӯзгорони таҳсилоти фарогир;

— таҳияи барномаҳои махсуси омӯзишӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони таҳсилоти фарогир;

— ташкил намудани курсҳои махсус барои омӯзгорони ғайриихтисос;

— дар барномаи таълимӣ ворид намудани мавзуъҳои алоҳидаи илм, аз ҷумла, педагогика, психология (равоншиносӣ);

— табодули таҷриба намудани омӯзгорони таҳсилоти фарогир дар дохил ва хориҷи кишвар;

— ташкили курсҳои омехта, аз ҷумла, офлайн, онлайн, худомӯзӣ ва дуалӣ барои омӯзгорони ин гурӯҳ;

— ташкили машваратҳои омӯзишӣ бо омӯзгорони гурӯҳи мазкур бо ҷалби шарикони рушд;

— зиёд намудани шумораи соатҳои амалии дарсӣ ба хотири рушди маҳорати касбии омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос;

— дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо;

— ҷалби соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ташкили марказҳои таълимӣ барои кӯдакони ин намуди таҳсилот;

— таҳия ва нашри маводи илмӣ ва таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон;

— ташкили марказҳои омӯзишӣ-таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои омӯзгорони ин гурӯҳ;

— ҷалби омӯзгорони таҳсилоти фарогир ба курсу машваратҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи самараноки ТИК;

— беҳтар намудани пояҳои моддӣ-техникии синфхонаҳои таълимӣ, ки дар онҳо кӯдакони иртиботманд ба таҳсилоти фарогир ба омӯзиш машғуланд;

— ташкили вохӯриҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири ҷалби кӯдакони эҳтиёҷманд ба таълим;

— ташкил намудани курсҳои махсуси омӯзиши забонҳо барои омӯзгорони таҳсилоти фарогир;

— ташкил намудани марказҳои ёрии тиббӣ барои гурӯҳи мазкури кӯдакон дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

— ҷалби кӯдакони эҳтиёҷманд ба таълим, новобаста ба маҳалли истиқомат, вазъи саломатӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоӣ;

Мавриди зикр аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он синфхонаҳои махсуси таълимӣ барои омӯзгорони таҳсилоти фарогир мавҷуд аст, ки зимни гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва машваратҳои мақсаднок ба таври васеъ аз маводи таълимии онҳо истифода менамоянд. Омӯзгорон пас аз гузаштани курс дорои маҳорату салоҳиятҳои баланди касбӣ ва методологӣ гашта, ҳангоми кор бо хонандагони таҳсилоти фарогир ин донишҳоро дар амал татбиқ мекунанд.

Шаҳбоз РУСТАМШОЗОДА,
директори филиали ДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоб,

Лайлӣ НУСРАТОВА,
омӯзгори филиал