ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД

Дар «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” зикр гардидааст: “Омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин, аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди си­фатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фар­ҳанги рус, англис ва ҷаҳонӣ нақши пешбаранда дорад”.
Дар назди Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд 2 маҳфили забони русӣ ва 2 маҳфили забони англисӣ бо ҷалби 120 хонанда ва дар шаҳру ноҳияҳо 150 маҳфили забонҳои русӣ ва англисӣ бо ҷалби 2000 толибилм амал мекунанд.
Дар 67 муассисаи таълимии ноҳияи Айнӣ 141 нафар омӯзгори забони русӣ ва 118 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият доранд. Моҳи январ семинари дастурдиҳӣ доир ба истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои забони русӣ ва англисӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар назди Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ 1 маҳфили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ташкил карда шудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ 18 маҳфили забони русӣ бо фарогирии 222 нафар хонанда ва 24 маҳфили забони англисӣ бо ҷалби 294 нафар хонанда амал мекунанд.
Мутаассифона, дар муассисаҳои таълимии ноҳия кабинетҳои лингофонӣ мавҷуд нестанд. Дар 30 муассисаи таълимии ноҳия синфкабинетҳои фаннӣ аз фанни забони русӣ ва дар 26 муассиса синфкабинетҳои фаннии забони англисӣ ташкил карда шудааст.
Барои муайян намудани сатҳу сифати таълим аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ пайваста мониторингҳои сифати таҳсилот гузаронида мешаванд. Сифати таҳсилот аз фанни забони русӣ 41%, азхудкунӣ 88%, аз фанни забони англисӣ сифат 40% ва азхудкунӣ 91%-ро ташкил медиҳад.
Дар муассисаҳои томактабии ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии №№1, 2, литсей барои хонандагони болаёқат ва дар мактабкӯдакистон синфхонаҳои таълимашон бо забони русӣ ташкил карда шудаанд. Дар 42 муассисаи таълимии ноҳия 152 нафар омӯзгори забони русӣ фаъолият доранд.
Соли равон дар асоси нақшаи кории шуъбаи маориф ҷиҳати беҳтар ва самаранок гардонидани дониши хонандагон аз тарафи омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дастурҳои таълимии методӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таълимӣ таҳия гардиданд.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ 34 нафар хонанда иштирок намуда, 21 нафари онҳо ҷойҳои сазоворро ноил гардиданд.
Дар ноҳияи Деваштич 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 гимназия фаъолият дошта, дар онҳо 210 нафар омӯзгор аз фанни забони русӣ ва 160 нафар омӯзгор аз фанни забони англисӣ ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд. Соли ҷорӣ барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбӣ 15 нафар омӯзгори забони англисӣ ва 12 нафар омӯзгори забони русӣ дар курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ иштирок намуданд. Барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва омӯзгорони фанни забони русӣ бо Донишгоҳи техникии шаҳри Улянови Федератсияи Россия бо гимназияи 1 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 47 синфхонаи фаннӣ аз забони русӣ ва 39 синфхона аз забони англисӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо ба қадри имкон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 45 иттиҳодияи методии омӯзгорони забони англисӣ ва 40 иттиҳодияи методии омӯзгорони забони русӣ фаъолият мекунанд.
Дар соли таҳсили 2023-2024 таҷрибаи 2 нафар муаллими навовар ва эҷодкори таълимгоҳҳои ноҳия мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Дар ноҳия дар самти иҷрои «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» камбудиҳо низ мавҷу­данд. Дониши хонандагон аз фанни забони русӣ ва англисӣ ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ нест. Дар муассисаҳои таълимӣ на ҳамаи хонандагон бо китобҳои дарсӣ аз фанҳои забонҳои англисӣ ва русӣ таъмин шудаанд.
Дар шаҳри Бӯстон аз 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи уму­мӣ дар 4 муассиса таҳсил пурра бо забони русӣ, дар 2 таълимгоҳ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, дар 6 муассиса таҳсил пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар муассисаҳои таълимӣ 24 адад кабинети забони русӣ ва 22 адад кабинети забони англисӣ амал менамоянд. Дар гимназияи №2 як адад кабинети лингофонӣ аз фанни забони русӣ мавҷуд аст.
Баҳри татбиқи Барнома ва ба забономӯзӣ ҷалб намудани хонандагон дар Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳр 4 маҳфили забономӯзӣ ва дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф 1 маҳфил амал менамояд, ки ба онҳо 151 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр ҷалб гардидаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 12 маҳфили забономӯзӣ (6-то аз забони русӣ ва 6-то аз забони англисӣ) амал мекунанд, ки ба онҳо 341 нафар хонанда ҷалб гардидаанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 580 нафар омӯзгори забони русӣ ва 423 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки аз кишвари Россия бо мақсади табодули таҷриба 13 нафар омӯзгор дар муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат ва муассисаи таълимии ғайридавлатии “Дурахшандагон” фаъолият доранд. Дар моҳи январ бо иштирок ва тавсияи онҳо барои омӯзгорони фанҳои мазкур машваратҳои дастурӣ гузаронида шуд.
Аксари кабинетҳои таълимии фанҳои забони русӣ ва англисӣ бо компютер, проектор ва тахтаҳои электронӣ таъмин буда, омӯзгорон дар дарсҳояшон аз онҳо самаранок истифода мебаранд.
Айни замон таҷрибаи пешқадами омӯзори забони англисии гимназияи хусусии “Нур” Зайнаб Валиева, омӯзгори забони англисии муассисаи таълимии №29 Нодира Ғаффоро­ва, омӯзгори забони англисии муассисаи таълимии №11 М.Дӯстматова мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар муассисаҳои таълимии ин шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам вазъи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ такмилталаб мебошад.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”