ТАВАҶҶУҲИ ҶИДДӢ БА ИҶРОИ БАРНОМА

Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аҳамияти зиёд касб мекунад. Дар таълимгоҳҳое, ки заминаҳои моддию техникӣ таҳким ёфтааст, дар қиёс бо дигар муассисаҳои таълимӣ сатҳу сифати таълим баландтар аст. Дар ин муассисаҳо хонандагон мувофиқи хоҳиш ва қобилияти худ ҳанӯз аз синфи 5 ба равияҳо ҷудо мегарданд. Аз рӯйи маълумоти пешниҳодкардаи раёсати маорифи вилоят заминаи моддию таълимии нисбатан хуб таҳкимёфтаи техникӣ ва кабинетҳои нисбатан хуб ҷиҳозонидашуда дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, литсейи давлатӣ, гимназия барои соҳибистеъдодҳо дар ноҳияи Дарвоз, муассисаҳои таълимии №№7, 9-и ноҳияи Рӯшон, №4-и ноҳияи Ванҷ, №11-и ноҳияи Шуғнон, №№7, 9-и шаҳри Хоруғ мав­ҷуданд. Дар ин мактабҳо гурӯҳҳои мансуб ба равияи ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ дар кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо таълим мегиранд.
Соли 2023 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 46 муассисаи таълимии вилоят ба маблағи беш аз 4,5 млн. сомонӣ мизу курсии талабагӣ, ҷевони маводи таълимӣ барои кабинетҳои физикаю химия, ҷевони маводи таълимӣ ва тахтаи синфии магнитӣ, таҷҳизоти техникӣ (ноутбук, принтер, проектор, тахтаи электронӣ) дастрас намуд. Соли гузашта Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 27 адад кабинетҳои фаннии химия, физикаву биологияи мактабҳои вилоят ба маблағи 1 млн. 240 ҳазору 76 сомонӣ мизу курсӣ ва таҷҳизоти озмоишӣ фиристод. Дирексияи сохтмони иншооти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, математика, технология, омодагии дифои ҳарбии МТМУ №№5 ва 8-и шаҳри Хоруғро муҷаҳҳазонида, барои 2 кабинети физика, 3 кабинети химия, 1 кабинети биология Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои мактабҳои шаҳри Хоруғ асбобу лавозимоти аёнию техникӣ харид, ҳамчунин, 6 озмоишгоҳи мактабҳои шаҳр таҷҳизонида шуданд.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 як кабинети физика, 1 кабинети химия ва 1 кабинети биологияи муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Дарвоз муҷаҳҳазонида, ҳамзамон, ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ барои 4 озмоишгоҳ таҷҳизот харид карда шуд.
Кабинети физикаи мактаби №4-и ноҳияи Ванҷ ба маблағи 90336 сомонӣ ва кабинети химияи он ба маблағи 91732 сомонӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти зарурӣ барои 5 кабинети химия, 3 кабинети физика, 2 озмоишгоҳ ба муассисаҳои таълимӣ ворид гардид.
Дар ноҳияи Ишкошим 2 сол пеш 6 кабинети химия, 4 кабинети физика бо асбобу лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шуданд. Соли 2023 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 кабинети химия ва 1 кабинети физикаи муассисаҳои таълимии №№14, 28 бо ашёи зарурии таълимӣ таъмин гаштанд.
Дар ноҳияи Мурғоб 2 кабинети химия, 2 кабинети физика муҷаҳҳазонидаву кабинетҳои физика, химия, ҷуғрофияи МТМУ №№2, 3, 4, 5, 14 бо асбобу анҷом ва техникаи зарурӣ таъмин шуданд.
Аз рӯйи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар такя ба иттилои раёсати маорифи ВМКБ аз соли 2021 то соли 2023 дар вилоят бояд 494 кабинети химия, физика, математика, биология ва ғайра бо таҷҳизоти даркорӣ таъмин мегаштанд, аммо то охири соли 2003 танҳо 103 кабинети фаннӣ таҷҳизонида шудааст. Давоми 3 сол ба 30 озмоишгоҳи фанҳои химия, физика, биологияи муассисаҳои таълимии вилоят ашё ва маводи таълимӣ дастрас гардид, ки ин ба 81,08 фисади нақша баробар аст.
Барои иҷрои пурраи Барномаи мазкур камтар аз 2 сол фурсат мондааст ва таъкид бояд намуд, ки раёсату шуъбаҳои маориф барои таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ дар ихтиёри худ маблағ надоранд, аз ин рӯ, қисмате аз маблағгузории барномаҳои соҳавӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, вале тавре мебинем, дар ин самт муассисаҳои таълимӣ дастгирӣ намеёбанд.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”