РАВШАНИБАХШИ ЗИНДАГӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) таъкид карданд: «Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд».
Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 — 2030 амалӣ шуда истодааст.
Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд, зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Чунончи Пешвои миллат зикр намуданд, амалӣ кардани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисоди кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Президенти кишвар дар суханрониҳояшон, ҳамчунин, дар Паёмҳои солҳои гузашта иброз дошта буданд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Махсусан, тариқи шабакаҳои гуногуни интернетӣ, ки мисли замбурӯғи баъди борони баҳорӣ пайваста пайдо мешаванд, мағзшӯӣ доираи муайяни одамон ва ба тарафи худ кашидани онҳо бо ғояҳои зиддимиллӣ ва тафаккури беақлонаю андешаҳои терроризм, ифротгароӣ, бадбинии инсонҳо, зуҳуроти нажодпарастӣ, неофашизм ва ғайраҳо имрӯзҳо дар саросари олам ривоҷ ёфта истодааст.
Аз ин рӯ, иҷрои нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат сари масъалаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ метавонад, барои боло бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ нақши муҳиме дошта бошад.
Кормандони прокуратураи ноҳияи Муъминобод айни замон баҳри амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тибқи нақша-супоришҳои прокуратураҳои болоӣ ва нақшаи дохилиидоравии прокуратураи ноҳия корҳои муйянеро ба роҳ монда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои таҳси лотӣ вохӯрию суҳбатҳои зиёдеро доир ба мавзуъҳои ҳуқуқӣ анҷом дода, ҳамчунин, аз васоити ахбори омма низ истифода мебаранд, ки ин кор дар соли равон низ муташаккилона идома хоҳад ёфт.
М. РАҶАБАЛИЗОДА,
прокурори
ноҳияи Муъминобод,
мушовири адлияи дараҷаи 1