ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ — ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, вобаста ба он чанд барномаи давлатии таълим, аз ҷумла, доир ба такмили забонҳои англисӣ ва русӣ қабул гардидааст. Инкишоф ва ривоҷи забономӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омилҳо вобастагӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронию мулоқоташон бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем».
Омӯзгорони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори хеш намуда, иқдом гирифтаанд, ки дар конференсияҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста иштирок намоянд. Дар конференсияи байналмилалӣ барои омӯзгорони фанни забони англисӣ, ки аз тарафи барномаи “Забони англисӣ бидуни марз” ташкил карда шуд, ҳайати омӯзгорони кафедраи забони англисӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ба омӯзгороне, ки дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ ғолиб омада буданд, муяссар гардид, ки ба ҳайси маърузачии конференсия доир ба масоили мубрами усули таълими забони англисӣ ибрози андеша намоянд. Бояд зикр намуд, ки моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Шаҳристон омӯзгорони кафедраи забони англисӣ барои беҳтар гардидани таълими забони англисӣ дар байни омӯзгорони фанни забони англисии макотиби миёнаи ноҳияҳои дурдаст “Воркшопи Мастер класс”, семинари омӯзишии такмили забони англисӣ дар муддати панҷ рӯз барпо намуданд. Муаррифиҳои омӯзгорони кафедра истифодаи усулҳои нави таълим баҳри рушди тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани салоҳияти фарҳангӣ маҳсуб меёфтанд. Пешниҳоду дархостҳои онҳо доир ба истифодаи усулҳои нави таълим тавассути бозиҳо ва машқҳои коммуникативӣ дар бораи шинохти фарҳангҳои олам аз тарафи ҳамкасбону коршиносон хуб пазируфта шуданд. Ҳамчунин, дар барномаи “Забони англисӣ бидуни марз” (English Without Bourders”) омӯзгорон ғолиби лоиҳаҳои грантӣ гашта, барои муаллимони забони англисии макотиби миёна ва олӣ семинарҳо, тренингҳо ва вебинарҳои усули таълими салоҳиятнокӣ ва интерактивии таълими забони англисиро гузаронданд. Омӯзгорони кафедра дар зиёда аз 30 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 36 конференсияи байналмилалӣ маърӯзаҳои илмӣ ва методӣ намуданд.
Инчунин, дар кафедраи забони англисӣ маҳфилҳои маърифатӣ амал мекунанд. Масалан, дар яке аз маҳфилҳо бо номи “Сайёҳони забондон” донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дидан намуда, маърӯзаҳои хешро омода менамоянд ва чун роҳбаладу тарҷумон дар ҳузури сайёҳон ва устодон маҳорати хешро месанҷанд.
Аз бахшҳои якум то панҷум бо ҳидояти муаллимони кафедра донишҷӯён дар маҳфили инкишофи малакаи хаттӣ бо номи “Эссенависӣ барои TOEFL”, таҳти роҳбарии мутахассиси барномаи “Fullbright”, профессор Ҷудиос Эллиот корбарӣ менамоянд.
Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат мо — омӯзгорони забонҳои хориҷиро водор мекунад, ки ба ин масъала эътибори бештар диҳем. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем.
Назира ШАМСИДДИНОВА,
Гулорохон ТӮРАЕВА,
устодони ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров