НОМАҲОИ САРШОР АЗ МЕҲРУ САДОҚАТ

Тайи моҳҳои охир матолибу мақолаҳои ба ҳафтаномаи «Омӯзгор» фиристодаи хонандагону ҳаводорони нашрия асосан ба мавзую масоили хештаншиносӣ ва эҳсоси волои ватандӯстӣ, мазаммату интиқод аз равияҳои сиёсии зиддибашарӣ ва амалҳои ифротгароёнаи аъзои ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тарғибу талқини ғояҳои инсондӯстӣ, ҳамовозӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаррифии дастоварду муваффақиятҳои аҳли маорифи кишвар, усулу шеваҳои мухталифи таълиму тадрис ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳо, тавсифу ситоиши омӯзгорони соҳибтаҷриба ва фаъолияти серпаҳлуи онҳо ва амсоли инҳо бахшида шудаанд.
Иддае аз муаллифон дар иртибот ба масоили таълиму тарбия ва роҳҳои судманду самарабахш гардондани он, шеваҳои ҷолиби тарбияи хонандагон дар партави Паёми Пешвои миллат, дар баробари ибрози андешаву мулоҳизоташон, ҳамчунин, пешниҳодҳои худро баён медоранд, ки шоистаи дастгирию омӯзиш мебошад. Аз ҷумла, мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулқосим Раҳимов дар навиштаи худ – «Паёми ояндасози миллат», мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Ҷ.Алиҷонов ва декани факултети иқтисодӣ М.Нуриддинова – «Паёми Пешвои миллат ҳамчун заминаи таъмини рушди иқтисодии босуботи кишвар» (ба сабаби зикр нашудани номи донишгоҳ ё донишкада аз чопаш худдорӣ кардем), дотсентони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М.Собиров ва М.Абдухолиқзода – «Паёми нусратофари Пешвои миллат», устоди ҳамин донишгоҳ М.Икромова – «Паём ­ равшангари имрӯзу фардои миллат», устодони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии донишгоҳи мазкур – «Паёми Пешвои миллат ­дастур ва роҳнамои миллат», омӯзгори МТМУ №17­и ноҳияи А.Ҷомӣ Саймаҳмад Султонов, ходими илмии ПРМ АТТ Баҳром Зулфонов бозгӯйии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат мебошанд, ки мо ба ин ҳамкоронамон миннатдории худро сидқан баён месозем. Бархе аз матолиби муаллифон фарогири мавзуоти иҷтимоию иқтисодӣ ва тавсифу ситоиши хидматҳои беназири таърихии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мақолаҳои муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ (кадом донишгоҳ ё донишкада – номаълум) Хусравҷон Мирзоев, дотсентони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Т.Каримова, Ш.Кӯчибоев, муаллими калони ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Фирдавс Раҳимов, муаллими ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Муқаддас Ҳомидҷонова, мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Хайём Муслимзода, омӯзгори МТМУ №31­и ноҳияи Хуросон М.Алимардонов (ҳамзамон, гурӯҳи омӯзгорони ноҳияи Хуросон), рӯзноманигор Шарифхон Тиллоев ва чанди дигар аз ҳамин қабил маҳсуб меёбанд. Гурӯҳе аз ҳамкорони нашрия дар хусуси санаю ҷашнҳои миллӣ мақолаҳо навишта, атрофи сабабу омилҳои таҷлил ва муҳимияти ин идҳо, нақши санаю рухдодҳои таърихӣ дар тарбияи хештаншиносию меҳанпарваронаи насли наврас ва ҷавонон андешаронӣ намудаанд. Ба ин гурӯҳ матлабҳои «Тасвири парчам дар шеъри имрӯзи тоҷик» (ба сабаби номаълум будани муаллифу нишонии ӯ аз чопаш даст кашидем), мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Маҳҷабин Ҳусейнзода – «Парчами давлатӣ­ҳастии миллати тоҷикон», дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ (кадом донишкада ё донишгоҳ – номаълум) А.Бердишукурова ва ғайра дохил мешаванд. Мутаассифона, аксари ин навиштаҳо ба замми умумигӯйию такрори андешаҳо хеле дер ба мо дастрас гардиданд. Теъдоде аз мақолаҳои муаллифон ба танқиду мазаммати ҳаракату равия ва гурӯҳҳои иртиҷоии террористию экстремистӣ бахшида шудаанд, ки навиштаҳои дотсенти ДДХ ба номи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М.Собиров, омӯзгори литсейи №2­и шаҳри Душанбе Низомиддин Ҷумъаев, омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фирӯза Абдураҳмонова, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сорбон Амаков аз ин зумра ба шумор мераванд.
Тарбияи маънавии насли ҷавон аз самтҳои умдаи фаъолияти омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин хусус эшон бардошту мушоҳидаҳои худро, ки аз таҷрибаи корияшон бармеояд, рӯйи сафҳа овардаанд. Навиштаҳои омӯзгори МТМУ №2­и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Азиза Ҳакимова, омӯзгорони коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Бибикалон Наимова ва Амиршозода Зуришои Акобиршо, рӯзноманигор Сайфулло Маҳкамов, директори муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии «Афсонаи Шаҳло»­и ноҳияи Зафаробод Умедбахт Ҳоҷибеков, омӯзгори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Замира Абдуллоева, директори МТМУ №70­и ноҳияи И.Сомонӣ Файзулло Исмонов, омӯзгори МТМУ №16­и ноҳияи Варзоб Ш.Воҳидова, омӯзгор Ҳотамалӣ Раҳматов (суроға номаълум), омӯзгори МТМУ №8­и ноҳияи Шаҳринав Фирӯза Асфияева, омӯзгори забони русии МТМУ №3­и ноҳияи Варзоб Нигора Ҷумъаева, директори МТМУ №91­и ноҳияи Рӯдакӣ Фаррух Гурезов, омӯзгори МТМУ «Мактаби байналмилалии Контакт», шаҳри Исфара Абдумуталим Шерматов ва ғайра тақвиятбахши гуфтаҳои мост. Бахши дигари маводи ба мо дастрасшуда доир ба масоили адабӣ ва пажуҳиши илмӣ мебошад. Матолиби адиб Сулаймон Эрматов – «Шоири ҷаҳоншинохта», номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода – «Тахаллус дар ашъори Рӯдакӣ», олим ва муҳаққиқ Ҷамолиддин Саидзода – «Рӯдакӣ ва Айнӣ», таҳияи Р.Худоёрзода «Зафарнома»­беҳтарин панднома», омӯзгор Қурбон Ҷомӣ аз ноҳияи Файзобод ­ «Қиссаҳои холаи Зарафо», омӯзгори коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи А.Рӯдакӣ Додихудо Холмадзода – «Шоири муосири тоҷик ва меросбари Айнӣ», устодони коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод А.Зарифӣ ва Р.Пиракова – «Тӯрон Туркистон нест, рӯзноманигор С.Маҳкамов – «Хоҳари Бобоҷон Ғафуров устоди ман буданд» ва ғайра мутааллиқ ба ин мавзуъ мебошанд.
Мо, кормандони ҳафтанома, аз хонандагони муҳтарам чанд хоҳиш дорем. Нахуст, чунонки борҳо таъкид карда будем, устодону омӯзгорон ба ҳаҷми навиштаҳои худ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро бахши аъзами мақолаҳои ирсолнамудаи эшон аз 6 то 8 саҳифа ва аз ин ҳам зиёд мебошад. Имкони дар чунин шакл ба табъ расондани маводро нашрия надорад.
Аз ин рӯ, навиштаҳои шумо, муаллифони муҳтарам, набояд аз 3-4 саҳифаи компютерӣ зиёд бошад. Дигар мушкиле, ки ба таври ҳамешагӣ рӯ ба рӯи мо қарор мегирад, ба гунаи мукаммал сабт нагардидани ному насаб, вазифаю ҷойи кор, нишонии омӯзгорон ва ҳаводорони ҳафтанома мебошад. Чанд гоҳи охир баъзе устодону омӯзгорон ному насаб ва кафедраю факултетеро, ки дар он ҷо ба фаъолият машғуланд, сабт мекунанд, аммо исми донишкадаву донишгоҳро сарфи назар мекунанд. Барои минбаъд зикр кардани рақами телефони худро низ набояд фаромӯш кард. Боқӣ ба шумо, ҳамкорони нашрия, дар фаъолият ва иншои мақолаю матолиби рангину ҷолиб ва ибратомӯз барору муваффақият хоҳонем.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»