ИҚДОМИ ШОИСТА

Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ 28.12.2023 ироа шуд, стратегияи рушд ва дурнамои самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат муайян гардида, роҳҳои амалисозии ин нақшаҳо ҳамчун самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар Паём эълон шудани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим аст.
Мақсад аз ин тадбири хирадмандона баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ, аввалан, маънои онро дорад, ки шаҳрванд бояд аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ дар ҷомеа бархӯрдор бошад ва ҳамвора ҳуқуқи дигар шаҳрвандонро низ эҳтиром намояд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд бе робитаи устувори шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хеле муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд ва вазифаҳои худро чӣ тавр иҷро мекунанд.
Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус, ҷавонон, ки ояндасози давлату миллатанд, баъзан дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада, қонуният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд. Ин маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад.
Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъ иятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
Яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимӣ тавсеа бахшидани омӯзиши фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар синфҳои 8-9 ва «Ҳуқуқи инсон» дар синфҳои 10-11 мебошад.
Азим ИСМОИЛОВ,
омӯзгори МТМУ №6-и ноҳияи Рӯшон