РОҲНАМОИ АҲЛИ ҶУМҲУРӢ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Дар меҳвари Паёми навбатӣ ҳам соҳаи маориф қарор дорад. Сарвари давлат маорифро омили рушди сармояи инсонӣ номида, пешрафти ин соҳаро кафили солимии миллат арзёбӣ карданд.
Роҳбари давлат зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки «…рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Дар Паёми имсола бори дигар нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид карда шуд. Пешвои миллат зимни суханронии худ зикр карданд: «…дар оилае, ки савод набошад, чӣ гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд. Бояд падару модарон дар ҳаққи фарзандон зомин нашаванд ва ояндаи онҳоро фикр кунанд.»
Барои бархурдор шудан аз таърих ва шинохти фарҳанги ниёгон ва саводнокии насли навраси ҷомеа озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардиданд, ки ин боз ҳам ғамхории падаронаи Пешвои миллатро нисбат ба насли ҷавон ифода мекунад.
Ҳама кӯшишҳои Сарвари давлат барои босавод шудани ҷомеа мебошад. Чунонки дар Паём омадааст: «Вақте миллат бесавод мешавад, ин бадбахтии давлат аст». Пешвои миллат дастгирии соҳаи маориф ва мақоми омӯзгорро дар мадди аввал гузошта, пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа ва давлатро ба сатҳи рушди маориф вобаста донистанд.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш супориш доданд, ки дар баробари дигар қишрҳои пешбари ҷомеа маоши кормандони соҳаи маориф 40% баланд бардошта шавад.
Паём таконбахши фаъолияти давлату миллат ба ҳисоб меравад ва мо — ҷавононро лозим меояд, ки дастурҳои онро барои пешрафти кишвари худ самаранок истифода барем.
Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳои оқилона имрӯз моро зарур аст, ки рисолати касбии хешро аз ҳарвақта дида бештар иҷро намоем. Аз ҳар ҳарфу ҳиҷои Паём барои худ мазмуну маъние бардошта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш, баҳри беҳбудии рӯзгорамон аз он истифода кунем. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошад, ки мо як Ватан, як Тоҷикистон дорему қодир ҳастем, марзу буми онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳамеша сарбаландона ҳифз намоем.
Диловар САЪДУЛЛОЕВ,
омӯзгори МТМУ №8-и
ноҳияи Данғара