ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Экстремизм ва терроризм – таҳдид ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ» бо иштироки доираи васеи коршиносон ҳамоиш доир гардид.
Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар ҳар давру замон ҳифзи амнияти давлату миллат аз хатару таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои давлатсозиву давлатдории ҳар миллати тамаддунофар маҳсуб мешуд ва имрӯз низ ин масъала авлавияти худро гум накардааст. Мутаассифона, бо суръати баланд паҳн шудани идеологияи созмонҳои экстремистиву террористӣ нигаронкунанда буда, авзои сиёсии ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам печидаву мураккабтар гардонидааст ва ҳолати баамаломада аз мамлакатҳои ҷаҳон тақозо менамояд, ки зидди ин падидаи манфии ҷомеа муборизаи дастҷамъона баранд.