«КАФШЕРГАР»

Адиби шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи ИНТ ба номи Садриддин Айнӣ Равшан Махсумзод солҳост, ки ба навиштани ҳикояву қиссаҳои гуногунмавзуъ машғул аст ва дар навиштаҳои хеш рӯзгори ҳамзамонони моро дар робита ба ҳодисаву воқеаҳои солҳои пешин инъикос менамояд. Албатта, ҳадаф аз эҷоди асари бадеӣ ситоиши мардонагиву муҳаббат ба арзишҳои милливу ватанхоҳӣ ва накуҳиши хислатҳои бади инсонист.
16 ҳикоя ва қиссаи нави ӯ, ки зери як муқова аз тарафи матбааи «Хирадмандон» бо номи «Кафшергар» ба чоп расид, аслан, ҳамин гуна мавзуъро дар бар гирифтааст. Муаллиф дар қиссаи «Кафшергар» диловариҳои коргарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар симои қаҳрамони асосии асар Баҳром Рустам ном марди баномусу нексират, некугуфтору ҳалиму дурандеш ба риштаи тасвир кашидааст. Воқеан ҳам, мавзуи матраҳ хеле муҳим ва рӯзмарра буда, дар баробари ба қалам додани заҳмати коргарони неругоҳ, сифатҳои шахсии қаҳрамонони дигари асар низ инъикос мегардад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»