ХИДМАТИ ШОИСТАИ ОМӮЗГОР

Соли 1927 дар деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан, дар хонаи Ҷалолов ном шахс мактаби маҳви бесаводӣ ташкил карда шуд. Ин мактаб соли 1939 ба мактаби 7-сола, соли 1946 ба мактаби ибтидоӣ ва соли 1964 ба мактаби миёна табдил ёфт. Омӯзгор Сиддиқ Боқиев сарвари нахустини мактаб буд. Солҳои минбаъда устодон Р. Шодиев, Ш. Пӯлотов, Н. Аминов, Ш. Нарзуллоев, А. Ёқубов, М. Ҷумъаев ва З. Миршарипова сарварии муассисаро ба уҳда доштанд.
Омӯзгорони ботаҷрибаи шаҳр А. Самиев, Э. Зокиров, Б. Ҳусейнов, М. Баротов, М. Азимов, И. Муҳиддинов, Р. Султонов, Т. Ҷамолова, А Ёқубов, С. Почоев, Абдураҳмонов, Баҳриддинов ва дигарон ҳамчун нахустин устодони ин даргоҳ дар таълиму тарбияи фарзандони деҳа саҳм гузоштаанд. Дар идомаи кори таълиму тарбия дар пайи ин мураббиёни беҳамто омӯзгорон М. Насимов, Д. Муҳаммадиев, С. Ҳакимов, М. Сатторов, Д. Сатторов, Ш. Воҳидов, О. Неъматов, М. Қофлонов, А. Ҳалимов, Н. Рӯзиев, Муъмин Ҷумъаев фаъолияти назаррас доштанд. Мехоҳем перомуни фаъолияти педагогии яке аз устодони ин боргоҳи маърифат Муъмин Ҷумъаев ҳарф занем.
Таҳти роҳбарии ин омӯзгори масъулиятманд таълимгоҳ ба дас­товардҳои шоиста ноил гардид.
Муъмин Ҷумъаев давоми 45 соли фаъолияташ барои таъмини таълиму тарбияи босифати хонандагон кӯшиши зиёд ва пурсамар кардааст.
Ӯ соли 1975 фаъолияти педагогии худро дар мактаби №31-и деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳритус оғоз намуда, барои ба сатҳи баланд баровардани таълими фанни математика ҳиссаи арзанда гузоштааст.
Аз моҳи сентябри соли 1977 ба ҳайси омӯзгори синфи тайёрӣ ва муаллими математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Неъмат Аминови деҳаи Пошкент фаъолияти педагогии худро идома додааст. Бо омаданаш ба ин мактаб ва ба ташкилу роҳандозии чорабиниҳои беруназсинфӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, шабнишиниҳои илмӣ ва маъракаҳои саволу ҷавоб завқи хонандагонро нисбат ба таълим ва омӯзиши математика бештар намуд. Устод М.Ҷумъаев аз соли 1983 то моҳи феврали соли 1997 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба таълим кор карда, ҷиҳати беҳбудии кори таълим тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд.
Хонишҳои педагогӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ ва мусоҳибаҳо бо намояндагони ВАО оид ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия бо роҳбарии Муъмин Ҷумъаев пайваста баргузор мешуданд ва иштирокдорони зиёд доштанд.
М.Ҷумъаев аз моҳи феврали соли 1977 то соли 2004 сарварии мактабро бар уҳда дошт. Дар ин давраи вазнин, ки аксари омӯзгорон тарки кор мекарданд, ҳаракат намуд, то омӯзгорони ҷавонро ба кор бештар ҷалб ва дилгарм намояд. Онҳоро барои таҷрибаомӯзию такмили маҳорат ба омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ фиристод ва дастгирию раҳнамоиашон кард. Дар таъминоти моддию техникии мактаб ва ободонии боғи назди муассисаву сохтмони майдончаи варзишӣ саҳми босазо гузошт.
Соли 2004 мушовири раёсати маорифи шаҳри Истаравшан таъйин шуд ва то сенябри соли 2006 дар ин вазифаи пурмасъулият кор кард. Дар давоми фаъолияташ дар қатори корҳои дигари муфид, дар ташкил ва баргузории озмунҳои «Муаллими сол», «Мураббии сол», «Аёниятҳои беҳтарин», «Хушнависон» ва чандин чорабинии шаҳрӣ саҳми шоиста гузошт.
Омӯзгори шарафманд М. Ҷумъаев солҳои 2006-2008 дар гимназияи №1 ба номи Аҳрор Мухторов ва аз сентябри соли 2008 то соли 2009 дар литсейи №2–и шаҳр (ҳоло гимназияи №6) ба сифати ҷонишини директор оид ба таълим ва омӯзгори математика ифои вазифа намуд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ бо роҳбарии ӯ сифати таълиму тарбия, маҳфилҳои фаннӣ, дарсҳои иловагӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ хеле беҳтар гардид. Ҳамзамон, дар роҳи мустаҳкам намудани равобити байни мактабу волидайн ҳамеша саъю кӯшиш менамуд. Бо падару модарони хонандагон мувофиқи қобилияти фарзандонашон дар интихоби касб маслиҳатҳо медод.
Дар Истаравшан бо ҳар касе доир ба ҳаёту фаъолияти устод ҳамсуҳбат шавед, ҳатман ситоишашон мекунад ва аз корҳои неки устод ёдовар мешавад.
Муъмин Ҷумъаев аз соли 2014 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, як силсила дастурҳои таълимию методӣ навиштааст. Нигоштаҳояш дар маҷаллаю нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Маърифати омӯзгор», «Масъалаҳои методикаи таълим», «Маорифи Суғд»… ба нашр расидаанд.
Устод шогирдони бисёреро тарбия намуда, ба воя расонидааст, ки ҳоло ҳамчун номзадҳои илм, табиб, кишоварз, омӯзгор бо муваффақият фаъолият доранд.
Заҳмату хизматҳои Муъмин Ҷумъаев бо медали «Хизмати шоиста», нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти ҶТ», медали «100–солагии матбуот» ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,
узв Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон,
шаҳри Истаравшан