БЕМОР НАШАВЕД!

Имрӯзҳо бемориҳои дил ва фишорбаландӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё аҳли ҷомеаро нигарон кардаанд. Сабаби асосии ба ин бемориҳо гирифтор шудани одамон тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии муҳити атроф ба ҷисми инсон мебошад. Мувофиқи тадқиқоти тиббии ҷаҳони имрӯза, барои пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба ин бемориҳо тарзи дурусти истифодаи ғизои солим, истеъмоли мева ва сабзавот, ҳифзи муҳити зист, машғул шудан ба варзиш омилҳои таъсиргузоранд. Фишорбаландӣ бемориест, ки дар ҷомеаи имрӯза доман паҳн кардааст. Аз нигоҳи илми тиб фишорбаландӣ асосан аз 30-солагӣ сар шуда, бо баъзе сабабҳо хурӯҷ мекунад.
Камҳаракат будан, фарбеҳӣ, ғизои шӯр, истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва стресс омилҳоеанд, ки инсонҳоро гирифтори ин беморӣ мекунанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба ин беморӣ бештар омӯзгорон ва шахсони идорашин гирифтор мешаванд. Албатта, ин ба вазъи фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад. Роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориҳо вуҷуд дорад. Чунончи, табобати фишорбаландиро на танҳо бо доруворӣ дар шакли ҳаб, балки бо роҳи истифодаи дурусти маводи ғизоӣ, мева ва сабзавот, ташкили муҳити созгор, машғул шудан ба варзиш, худдорӣ аз асабоният аз фишорбаландӣ ҷилавгирӣ кардан мумкин аст.
Фаридун ИНОМОВ,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино