ФАРЗАНДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ

Ҳар миллат фарзандони баруманду фидокор ва маъруфи худро дорад, ки ба пешрафти миллат ва ободонии Ватан хидмати барҷаста кардаанд. Бо ин гуна фарзандонаш ҳар кишвар ифтихор мекунад ва номи неки онҳоро пос медорад. Хушбахтона, халқи тоҷик абармардоне дорад, ки барои ҳифзи марзу буми ниёгон ва рушди ҳаматарафаи мамлакат корномаи бузург нишон додаанд. Зумрае агар миллатро тавассути офаридаҳои барҷастаи адабиашон шуҳрат афзуда бошанд, гурӯҳи дигар дар арсаи илм бо эҷоди асари баландпоя кишварро бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Ҳамчунин, иддаи дигаре аз фарзонагони миллат дар бахшҳои сиёсату иқтисод ба комёбиҳои ҷаҳонгир мушарраф шудаанд.
Барои халқи тоҷик дар қатори дигар фарзандони бузургу маъруфаш ному корномаи аллома Бобоҷон Ғафуров муҷиби ифтихор гардидааст. Хидматҳои ин олими номвар дар ҳифзи нангу номуси миллат, афзудани шаъну шарафи тоҷикон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бағоят бузург мебошад. Академик Бобоҷон Ғафуров дар вазифаҳои баланду масъулиятбор кор карда, ҳамеша кӯшиш бар он кардааст, ки сазовори эътиқоду эҳтироми халқи азизаш бошад, миллати бостониашро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ бикунад. Бо ин ҳадаф инсони шарифу олими тавоно Б.Ғафуров дар анҷуманҳои сатҳи ҷаҳонӣ сухан аз таърихи қадим ва фарҳангу адаби ғании тоҷикон гуфта, бо далелҳои фаровон вижагиҳои этникию маънавии ин халқи куҳанбунёдро собит кардааст. Бузургтарин хидмати Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Б. Ғафуров дар назди халқу миллати азизи худ офаридани шоҳкитоби миллат «Тоҷикон» мебошад. Ин асар аз ҷониби аҳли илм ҳамчун шоҳкории камназир дар арсаи илми таърихи ҷаҳон эътироф гардид ва бо гузашти солҳо ба чандин забони олам тарҷума шуд. Аллома Б. Ғафуров бо «Тоҷикон» шиноснома ва оинаи тамаддуни миллатро офарид. Ӯ аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ истифода намуда, далелҳои саҳеҳу раднопазир дарёфт ва тоҷиконро ҳамчун халқи пешсафу муваффақ дар таърихи башарият муаррифӣ кард. «Тоҷикон» «Шоҳнома»-и дигари ин халқи шарафманду сарбаланд гардид. Устод Бозор Собир барҳақ гуфтааст:
Тоқдони хонаи мо ҷои дастархони мост,
Тоқдони чашми мо ҷои китоби «Тоҷикон»
Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди зиёд чоп ва ба таври ройгон дастраси ҳар як хонадони Тоҷикистон гардонда шуд. Ҳар як сокини диёр бояд ин шиносномаи миллатро пайваста варақ занад, мутолиа кунад ва ҳамеша ифтихор аз ниёгони бузургу гузаштаи шарафбори худ дошта бошаду барои ободию рушди имрӯзу фардои кишвар ҷидду ҷаҳд намояд.
Хуршеда ҲАСАНОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
мактаби №37, шаҳри Турсунзода