«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ОҒОЗ ЁФТ

23 октябри соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони касбу кори гуногун аз рӯйи номинатсияҳои математика; физика ва астрономия; химия; биология; география; технологияи иттилоотӣ; ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсим шуда, озмунро оғоз намуданд.
Дар озмуни ниҳоӣ аз шаҳри Душанбе 132 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 79 нафар, вилояти Хатлон 128 нафар ва вилояти Суғд 120 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Озмун то 27 октябр идома меёбад. 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ғолибон ҷоизаҳо супорида мешаванд.