ИШТИРОК ДАР НИЗОМИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд. Ин матлаб 21 сентябр зимни муаррифии барномаи ҷаҳонии арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот- PISA баён гардид.
Дар барномаи мазкур 6300 нафар хонанда аз 150 мактаб (аз ҳар муассиса 42 нафар хонандаи синфҳои 7 ё аз 15-сола боло) иштирок менамоянд. Дар доираи он дастовардҳои таҳсилии онҳо аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ, саводи хондан ва математика санҷида шуда, аз рӯи натиҷаи он мушкилоти асосии ҷойдошта дар самти таълими ин фанҳо муайян мешаванд.
Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд, ки барномаи мазкур дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бо мақсади баланд гардидани сифати таҳсил амалӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои PISA маротибаи аввал буда, ба қонеъ гардидани ниёзҳои афзояндаи давлатҳо барои ҷустуҷӯ ва истифодаи намунаҳои муваффақтарин ва муассиртарини сиёсат ва стратегияҳо дар соҳаи маориф тарҳрезию ба роҳ монда шудааст.
Барнома аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баҳодиҳӣ ба низомҳои таҳсил мебошад.