ҲАЗАР АЗ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ

Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фаъол аст ва ҳамеша хоҳони сулҳу салоҳ ва суботу оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Аз нахустин давраҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон бурда, ҳамеша дар амри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби замон қадамҳои устувор мегузорад.
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти бади ҷомеа мебошанд, ки воқеан, барои амнияти кишвар хатари ҷиддӣ доранд ва муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар амри зарурӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд барои озодона фаъолият кардани ҳизбу созмонҳои сиёсӣ кафолат медиҳад. Аммо дар солҳои аввали ба истиқлол расидани кишвар баъзе ҳизбу ҳаракатҳо аз ин фурсати муносиб истифода бурда, мехостанд, ақидаҳои зиддимиллии хешро ба мардум таҳмил намоянд. Аз ҷумла, ташкилоти террористӣ-экстремистии «Наҳзати исломӣ» яке аз чунин ҳизбҳои сиёсие буд, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта намояндагонашон аз номи дини ислом мардумро гумроҳ карда, дар бозиҳои сиёсии худ истифода менамуданд ва бо шиорҳои бофта онҳоро ба муқобили ҳукумати онвақта мешӯрониданд. Ин нафарони худхоҳу мансабпарасту ҳангоматалаби наҳзатӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дурӯғу таҳрифу ҳангомаҳои фитнаангез истифода намуданд. Саркардагону аъзои манфуру ҷоҳталаб ва бадбахту худбохтаи ин ташкилоти террористӣ бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ нақшаи харобкоронаашонро ҷиҳати аз байн бурдани давлати тозабунёди Тоҷикистон кашида буданд. Дар натиҷаи ин кашмакашҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки қариб 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ қурбони дасисабозиҳо гардиданд, миллионҳо нафар гуреза шуданд, кишвари ободро ба як харобазор табдил доданд.
Хушбахтона, бузургиву далерии миллати тоҷик нагузошт, ки ифротиёни наҳзатӣ бо хоҷагони хориҷиашон ба ниятҳои нопокашон бирасанд.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми ин хиёнатҳои наҳзатиёнро бахшида, онҳоро ба ватан баргардониданд. Аммо ин душманони миллат ҳамеша мунтазири фурсат барои амалӣ намудани ақидаҳои палидонаи хеш буданд. Паймоншиканони наҳзатӣ ҷинояткорони муайянро дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз паси парда ба доми худ андохтанд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2015 саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо дигар пайравони хиёнаткораш ба исёни мусаллаҳона даст заданд ва мехостанд, зӯран сохтори конститутсиониро тағйир диҳанд, амну суботро дар кишвар халалдор созанд. Хушбахтона, ин дафъа низ тири нохалафони наҳзатӣ хок хӯрд ва душманону бадхоҳони миллат ба ниятҳои нопокашон нарасиданд.
Имрӯз саркардаи фирорӣ ва дигар аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ панаҳ бурдаанд, тавассути шабакаҳои интернетӣ боз ба иғвогарию дасисабозӣ баҳри ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон даст зада истодаанд. Ин хоинони наҳзатӣ фитнаю дурӯғҳои нав-ро нисбат ба давлату миллати тоҷик бофта, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба нобоварӣ ва бедодгарӣ бубаранд. Бо мақсади пинҳон намудани ақидаҳои ифротӣ-террористии худ онҳо аз «демократия», «дунявият», «адолат» ҳарф зада истодаанд. Вале мардуми тоҷик аз ҳама ин ҳилаву найранги разилони наҳзатӣ огаҳӣ доранд ва ҳаргиз ба ҳарфҳои пучу бемантиқи онҳо бовар намекунанд. Чунки ин разилони наҳзатӣ ҳеҷ вақт ором намегиранд ва дар замири қалбашон бухл, кинаву адоват, вайрониву парешонӣ маскан гирифтаасту аз ақидаҳои ифротӣ-террористии худ даст намекашанд.
Аз ин рӯ, бояд ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ як сокини ин мамлакат зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои решакан кардани ду зуҳуроти номатлуби аср – терроризму экстремизм тамоми кӯшишу ғайрати худро истифода баранд ва миллату давлати тоҷикро аз хавфу хатари ҷомеа ҳамеша эмин нигоҳ доранд.

Ф. ҒАФФОРЗОДА,
омӯзгори МТМУ №15,
шаҳри Душанбе