AДЛИЯ БОБОҶОНОВА

7 августи соли 2023 дили яке аз бонувони муборизу маърифатгустари шаҳри Истаравшан, собиқадори маориф Адлия Бобоҷонова аз задан бозмонд.
Адлия Бобоҷонова 25-уми сентябри соли 1935 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.
Фаъолияти омӯзгориашро соли 1952 пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Истаравшан оғоз намуда, солҳои 1955-59 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил кардааст. Сипас, ҳамчун муаллимаи мактаб-интернат ба фаъолият пардохтааст. Дар заминаи дониши фарогир, қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигияш ҷонишини директори МТМУ №4-и шаҳри Истаравшан таъйин гардид. Аз соли 1961 ба муҳлати 36 сол дар вазифаи директори таълимгоҳи мазкур фаъолият дошт.
Адлия Бобоҷонова солҳои 1963-1982 ҳашт даъват намояндаи мардумӣ ба Шурои шаҳрии вакилони халқ, як даъват ба Шурои вилоятӣ, якчанд маротиба вакили Анҷумани занони Тоҷикистон, вакили Анҷумани муаллимони Тоҷикистон, вакили Анҷумани ХХ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шудааст.