ДОНИШ ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ ЗИНДАГИСТ

(Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2023-2024)
Устодон ва шогирдони азиз!
Муҳтарам аҳли маориф!
Падару модарони арҷманд!
Фарорасии соли нави таҳсилро дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон барои кормандону алоқамандони соҳаҳои маориф ва илми кишвар ва тамоми сокинони мамлакат самимона табрику таҳният мегӯям. Инак, боз як марҳалаи фаъоли омӯзишу парвариш, таълиму тарбия дар диёри маҳбубамон оғоз ёфт. Маълум, ки донишомӯзӣ ва соҳибмаълумот будан дар ҳаёти ҳар як фард нақши меҳварӣ дорад ва имрӯзу фардои халқу миллат, пеш аз ҳама, ба сатҳи омӯзиши насли наврас вобаста аст. Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурии мо ба масоили рушди маориф ва таҳкими пайвастаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустмарҳалаҳои ба арсаи сиёсат ворид гаштанашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, онро дар мамлакат соҳаи афзалиятнок эълон намуданд. Ба шарофати ғамхориҳои мунтазам ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари кишвар соҳаи маориф дар ҷумҳурии азизамон давра ба давра рушду такмил ёфт, пеш рафт ва ҳоло аҳли ин соҳаи тақдирсози миллат барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани сатҳи таълиму тарбия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷидду ҷаҳд доранд. Пешвои муаззами миллатамон ба омӯзгорон, ки муҳаррики соҳа дониста мешаванд, эҳтирому эътиқоди ҳамешагӣ доранд ва таъкид мекунанд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим –омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Сарвари кишвар омӯзгоронро «неруи пешбари ҷомеа», «фурӯзонгари машъали маърифат», «рамзи ақлу шараф ва виҷдони пок», «равшангари роҳи фардо» ва «хазинаи хирад» номида, ҳамчунин, изҳор доштаанд, ки «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯи замин аст». Ҷавобан ба ин эҳтирому баҳои баланд аҳли маорифи мамлакат пайваста ба он мекӯшанд, ки таълиму тарбияи насли наврас дар сатҳи баланд қарор дошта бошад, шогирдон ба омӯзиши амиқу пурсамар ва бозгӯй ба талаботи замон фаро гирифта шаванд ва ба ин муваффақ ҳам гардидаанд. Иштироки фаъолонаи муҳассилини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «»Тоҷикон»» — оинаи таърихи миллат» тасдиқгари фаъолияти шоистаи аҳли маорифи кишвар дар ҷодаи тақвиятбахшӣ ба сатҳи таълиму тарбияанд. Аҳли маорифи диёрамон дар татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф» талоши пурсамар доранд. Чандест, ки дар диёри маҳбубамон аҳли маориф дар радифи тамоми сокинони мамлакат барои ба таври сазовор пешвоз гирифтани фархундаҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд доранд ва дар ин самт тадбирҳои зиёди судмандро амалӣ менамоянд.
Дар Ватани азизи мо ҳар сол бо оғози соли нави таҳсил Рӯзи дониш таҷлил мешавад ва Дарси сулҳ баргузор мегардад. Ин тадбирҳои маърифатбор бо ҳам иртиботи устувор доранд ва ифодагари арҷгузорӣ ба хирадмандию донишгустарӣ мебошанд. Донишу китоб инсонро ба ҷодаҳои ростини зиндагӣ ҳидоят мекунанд, ҳаёти хушбахтонаю пирӯзиҳои ӯро таъмин менамоянд. Китоб сарчашмаи дониш аст, дониш — неруи тавоною шикастнопазир. Аз ин ҷост, ки ниёгони баруманди мо ба ин ду неруи муқтадир арҷ гузошта, китобро «фурӯғи субҳи доноӣ», «сарчашмаи хирад» ва донишро «чароғи равшан»-у «заминаи бахту саодати инсонҳо» номидаанд. Ҳосил аз донишу китоб хирад аст ва хирад раҳнамои ҳамешагии ҳар фарди солим мебошад. Бузургонамон барҳақ фармудаанд:
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад.
Маҳз дар заминаи хиради волои халқи тоҷик ва Сарвари соҳибхиради ин халқи бостонгуҳар Тоҷикистон дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолияш аз мудҳиштарину фоҷеабортарин вартаҳо худро ҳифз кард ва пирӯзу пешрав гашту ба даврони созандагию бунёдкорӣ оғоз бахшид. Сулҳу ваҳдати тоҷикон натиҷаи арҷгузорӣ ба ақли солим ва хирад аст. Аз ин рӯ, дар диёри мо сулҳ арзиши баланд дорад ва ҳамагон барои ҳифзу бузургдошти он пайваста талош меварзанд. Ҳамасола соли нави таҳсил дар мамлакат дар тамоми таълимгоҳҳо бо Дарси сулҳ оғоз меёбад ва ин дарс дар заминаи эҳтирому эътиқод ва ситоиши самимӣ баргузор мешавад ва як навъ рамзи шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта ва рӯзгорони тинҷу осудаи аҳли кишвар аст. Мо ифтихормандем, ки Пешвои муаззами миллат дар баргузории Дарси сулҳ фаъолона ширкат меварзанд ва худ дар таълимгоҳе ин гуна дарсро дар сатҳи баланду дилписанд ва муассир баргузор менамоянд. Вобаста ба Дарси сулҳ Сарвари кишвар чунин дастур додаанд: «Ҳангоми Дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдорию устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар руҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд». Воқеан, ин гуна дарс дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шогирдони мо нақши бағоят муҳим ва самарбор хоҳад дошт. Ҳамчунин, сулҳу ваҳдати миллӣ шароит фароҳам оварда, ки дар соҳаи маориф пешравиҳои рӯзафзун ба миён оянд, таълимгоҳҳои нави замонавӣ ва бо технологияҳои муосир таъмин бунёд шаванд, заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мукаммал гардад, маблағгузории соҳа афзояд ва сатҳи таълиму тарбия ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шавад.
Таманнои онро дорем, ки сулҳу ваҳдати миллии мо безаволу ҷовидон ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша пешраву муваффақ бошад. Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: «Ба қадри сулҳ ва ваҳдати миллӣ расидан вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб меравад».
Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба шумо — устодону хонандагон, падару модарон ва тамоми алоқамандони соҳаи маориф боз ҳам табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо шодию фараҳмандӣ, бахту барор ва ҳаёти файзбору осоишта ҳукмфармо бошад. Фаъолиятатон пурсамару судманд бод!
Соли нави таҳсил муборак!