Раванди иҷрои нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати иҷрои он пайваста тадбирандешӣ карда мешавад.
Бо мақсади иҷрои нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҷониби кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ якҷо бо кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2023, №188 тасдиқ гардид. Тибқи тартиби мазкур дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули имтиҳонҳо дар 4 давр гузаронида мешавад. Даврҳои якум, дуюм ва сеюми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо то охири моҳи сентябр идома ёфта, даври чоруми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо, ки он танҳо барои довталабони шуъбаҳои фосилавӣ ва ғоибона пешбинӣ шудааст, то охири моҳи декабр ба роҳ монда хоҳад шуд.
Инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024, Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2023-2024 ва Қоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки тибқи ҳуҷҷатҳои мазкур, қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои шуъбаҳои фосилавӣ ва ғоибона то охири моҳи декабр муайян шудааст.
Роҳандозӣ кардани тадбирҳои зикршуда метавонад барои то ҳадди имкон таъмин кардани иҷрои нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон