ТАҲКУРСИИ РУШДИ САНОАТ

Нуқтаи сарҳисоби кулли саноати муосирро дар истифодаи бошууронаи табаддулоти химиявии моддаҳо ҷустан мебояд.
Д. И. Менделеев

Илми химия ифтихори даврони мост.
Н. Г. Чернишевский

Ба куҷое, ки нигарем, ба куҷое, ки назарамон афтад, ҳама ҷо пеши назар комёбиҳои илми химия ҷилвагар мешавад.
М.В.Ломоносов

Инкишофи бемайлони илми химия аз давраи Лавуазе ва махсусан, аз давраи Далтон, инҷониб тасаввуроти кӯҳнаро оид ба табиат бартараф кард.
Ф. Энгелс

Агар ба инсон зарурати интихоби се илми беҳтарин пайдо мешуд, бояд ӯ механика, таърихи табиат ва химияро авлотар мешумурд.
Д. Дидро

Илми химия дорои қувваи бузурги эҷодист.
М. Бертло

Натиҷаи бевоситаи равнақи қувваҳои истеҳсолкунанда, ки самараи кашфиётҳои илмии механика ва химия аст, афзоиши боигарии инсоният мебошад.
Р. Оуэн

Химия илми ҳайратовар аст. Назари тезбини ӯ ба маркази оташбори Офтоб, шабистони қаъри Замин, олами зарраҳои дили Инсон, рози ниҳони сангҳо, сукути ҳаёти наботот амиқ равона аст. Нигоҳи ин илм дар ҳама ҷониб, дар ҳар тараф ибтидои ҳаётро ҷӯёст. Ва химия ин ибтидоро дарёфт хоҳад кард.
А. М. Горкий

Фароҳамсоз
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»