МУСОФИРИ ГАРОНБОР

Он солҳо номи мо чу хатти паргор дар гирди нуқтаи нанг чарх мезад. Мехостем, ки ин масофа наздик не, дуртар ва ҷавлонгоҳ васеътар гардад. Дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб, ки соатҳои дарсии илмҳои дақиқ камтар буданд, пояи дониши математикии толибилмон чандон мустаҳкам набуд ва ҳар лаҳза онҳо ба мушкилот дучор мешуданд. Ҳатто хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз онҳо бартарӣ доштанд.Сабаби домани нангро сахттар доштану аз ҳамдарсон гузаштани банда ғайриихтиёр ба хонаи донишманди бузург Ислом Ғуломов рафтан шуд. Он вақт устод вазифаи сарварии факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро иҷро мекард. Қомати баланд, чеҳраи нуронӣ ва дар пушти шишаи айнак чашмони андешаманд ба устод салобати дигар бахшида, кӣ будан ва чӣ мартаба доштани ӯро муаррифӣ менамуданд. Бе гуфтор ҳам аз ҳар қадам ва нигоҳҳои пурмеҳраш аён мешуд, ки ӯ марди оқилу хирадманд аст. Ҳангоми бо ӯ ҳамсуҳбат шудан ин тахминҳо ба ҳақиқати ҳол табдил ёфта, бегонаро ҳам бо ӯ ошно мекард.
Устод некхоҳу бадхоҳ, заҳматкашу фиребгар, ғамхору беғам, билохира, донову нодонро аз тарзи як нигоҳ шинохта, чун руҳшинос бо ҳар шахс муомилаву муоширати мухталиф менамуд. На танҳо донишҷӯёни заҳматкашу доно, балки донишҷӯёни камдон ҳам ба айби худ иқрор карда, ӯро дӯст медоштанд ва аз сахтгирияш наранҷида, нисбат ба дигар омӯзгорон бештар ба ӯ майл менамуданд.
Устод Ислом Ғуломов қомуси зиндаро мемонд. Аксари сабақомӯзон ҳангоми мутолиаи асарҳои офаридаи ӯ, ки барои беҳтар кардани таълиму тарбия ва дастур ба донишҷӯён маводи нодир маҳсуб мешуданд, гоҳе дар роҳи муайян кардани ихтисоси устод раҳгум зада, ба худ савол медоданд:
— Ин муаллим мусофири роҳи кадомин илм бошанд? Аз ҳар ҳарфу ҳиҷо, вожа ва риояи хуби имлову дигар қоидаҳои забон пайдост, ки филолог аст.
Вақте ки чашмонашон дар асарҳои устод бо далелу иқтибосҳои таърихӣ меафтод, мегуфтанд, ки шояд бахши таърихро хатм кардааст?
Ҳамчунин, эҳсос мегардид, ки устод донадаи хуби илми фалсафаву руҳшиносӣ ва мантиқ мебошад. Аз масъалаҳои арифметикию математикӣ ҷои баҳс набуд. Хулоса, китобҳои навиштаи устод фарогири бисёр бахшҳои илм буданд ва ҳамин ҷиҳат он асарҳоро хонданбоб менамуданд.
Дар соли дуюми таҳсил, ки кам-кам машқи шеър мекардам, устоди зиндаёд, ғамхору дастгири ҳама навқаламону адибони шинохташуда, шодравон Боқӣ Раҳимзода ба унвони сарвари донишкада мактуб навишта, хоҳиш карданд, ки барои зоеъ нашудани вақт ва омӯхтани нозукиҳои эҷоди шеър имкон бошад, ин писарро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишкада гузаронед.
Сарвари донишкада розӣ шуданд, вале устод Ислом Ғуломов бо далелҳо исбот карданд, ки обила дар роҳи шавқ монеи ҷавлон шуда наметавонад. Шуруъ аз Хайём номҳои бисёр шоиронеро ба забон гирифтанд, ки парвардаи бахшҳои мактаби илми дақиқ будаанд. Мо ҳам соҳиби газетаи деворием ва эҳтиёҷи таҳрири баъзе мактубҳоро дорем, ин кас бояд ҳамроҳи мо бошад. Илова бар ин, ман низ аз офаридаҳои бузургони сухан бархӯрдорам ва каму беш қудрати ба шеър баҳо доданро ҳам дорам, илтимос мекунам, ки сухангӯи ҷавони бахши моро ба дигар факулта нагузаронед…
Ҳар гоҳе ки бо устоди гиромӣ рӯ ба рӯ оям, ҳолате, ки барои ба дигар факулта гузаштанам низ монеа эҷод карда буд, ба ёд меояд.
Рӯзҳои аввали моҳи дувуми тирамоҳ ҳукм меронд. Лашкари сардӣ тадриҷан ҷову макони гармиро ишғол мекард, вале дар саҳро ҳанӯз ҳам барои иҷрои нақша то кӯраки охирини «тиллои сафед» ҷамъоварӣ мешуд. Мо, донишҷӯён, низ ба деҳқонони яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Фархор мадад расонда, пахтаи таҳмондаи мошинҳову чинакчиёни сарсаричинро меғундоштем. Ҳар донишҷӯ барои иҷро кардани меъёри муаяйншуда ва дар муҳокимаи масъалаи рӯз аз масъулон гап нашунидан кӯшиш мекард, тамоми неруяшро равона карда, бештар пахта бичинад. Бо ин мақсад бисёриҳо худашонро аз ҷӯяке ба ҷӯяке зада, ҳарҷочинак мекарданд. Вале ман чор қаторро гирифта, дар ду ҷӯяк рӯ ба поин ҳаракат мекардам ва дар бозгашт ду ҷӯяки боқимондаро рӯ ба боло тоза намуда, ба мақсад наздик мешудам. Батартиб чидани пахта баракат дошт ва аз ҳар ҷӯяк як халтаро пур кардан мумкин буд.
Он рӯз ман ҳам ба қитъае, ки ҳарҷочинҳо худро ба ҳар тараф мезаданд, омадам ва ҷӯякҳои аз ҳама охиринро интихоб карда, ба чидан машғул шудам. Дар ҳамон лаҳза саркор аз куҷое пайдо шуда, мани бегуноҳро ҳам дар ҳузури муаллимон сарзаниш ва хашму ғазаби устод Ислом Ғуломовро зиёд кард. Устод магар бегуноҳии маро ҳис намуд, ки гуфт:
— Ҷазои сазовори ин касро худам медиҳам.
Бо ҳама тарафгирии пинҳонӣ дар дили устод нисбат ба банда кадомин нишонаи нобоварӣ ҳис карда мешуд ва ин ҳолат маро маҷбур кард, ки овоз бароварда, худро ҳимоя намоям.
— Мебахшед, худро ба ҳар ҷӯяк задан кори дигарон аст, ман батартиб пахта мечинам ва метавонам, ки аз замини кампахта ҳам аз дигарон зиёдтар ҳосил ғун дорам. Аз ин қитъа метавонам, ки то бегоҳ 200 кило пахта ҷамъ оварам.
— Наметавонӣ, агар тавонӣ, муаллимонатро як зиёфати хуб медиҳам, — баҳс кард саркор.
— Итминони комил дорам, ки метавонад, — гуфт устод ва оҳиста аз аспи хашму ғазаб фуруд омад.
Саркору устод шарт карданд ва гуфтанд, ки касеро бохт насиб шавад, зиёфатро ҳамон кас медиҳад. Ман ҳамон рӯз 229 кило «тиллои сафед» чида, аз саркор боз 21 кило пахта мукофот гирифтам. Саркор ба аҳдаш истода, муаллимони маро ба хонааш даъват кард ва зиёфат дод. Шуруъ аз он рӯз муносибати неку меҳри устод ба ман дучанд гардид ва мадади худро аз ман дареғ намедошт ва ин эҳтирому эътироф то ҳол побарҷост.
Ростӣ, ман на танҳо нозукиҳои илми дақиқро, балки дарси заҳмат кашидану ҳар душвориро паси сар кардан ва ноумед нашудану ба қуллаи мақсуд расиданро аз он кас омӯхтам. Бо гузашти вақту зиёд шудани донишу таҷриба бузургии устодро хубтар фаҳмидам.
Тадқиқоту теъдоди китобҳои бисёри устод Ислом, вижагиҳои асарҳо, дар ҷаласаҳои бузурги илмии ватанию ҷаҳонӣ намояндагӣ кардан, зери роҳбарияш рисолаҳои илмӣ дифоъ кардани шогирдон, дар шеъру хотираҳо тасвири барҷаста ёфтани симои устод, ба унвонаш омадани садҳо нома аз номи олимони кишварҳои гуногун аз олими бузурги соҳаҳои мухталифи илм, бахусус, риёзиёдон будани устод гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҳошияи китоби “Олами бофазилат”, ки шояд порае аз зиндагиномаи он касро дар бар мегирад, омадааст: “Ҳадафи нашри ин китоб муаррифии хизматҳои арзишманди олими бофазилат, пухтакор ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ислом Ғуломов мебошад”…
Дар китоб ҳамкорону дӯстон ва шогирдон чеҳраи марди хирадмандро бо мақолаҳои “Муаррихи нуктасанҷ”, “Инсони комил ва олими тавоно”, “Равшангари роҳи маърифат ва таҳқиқ”, ”Устоди сахтгиру адолатпеша”, “Машъалафрӯзи чароғи маърифат“, “Фидоии роҳи таълим, илм ва тарбия”, “Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст”, “Марде аз табори илм” ва ғайраҳо ба қалам додаанд.Доктори илмҳои педагогӣ, профессори Институти психология ва педагогикаи умумии собиқ АФП СССР Л.М. Фридман асари пурарзиши шогирдашро варақ зада, онро ”Нодиртарин асари илмӣ” номид ва гуфт, ки “Агар аннотатсияи китоб ба забони русӣ навишта мешуд, хонандагони дигар кишварҳо ба таърихи ниёгони риёзидони тоҷик хубтар ошно мешуданд”…
Воқеан, устод Ислом Ғуломов гавҳари камёби кони илми замони худ аст. Ӯ дар давоми фаъолияти корӣ 2 монография, 22 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, зиёда аз 180 мақолаи илмӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ-оммавӣ навишта, дар маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои даврӣ чоп карда, ба пайравони оянда роҳ кушодааст, ки маҳсули андешаву шабҳои бехобии профессор, ходими шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Ғуломов мебошанд.
Қисса кӯтоҳ, зиндагиномаи донишманди бузург, устоди азизи ҳазорон хатмакардаи донишгоҳи Ислом Ғулом барои ҳама илмомӯзону заҳматкашони олами фаҳму хирад ва чӣ гуна ба қуллаи мақсуд расидан дастури нодир аст. Ба ин мусофири гаронбори роҳи илм тани дуруст, умри дароз ва офаридани асарҳои дархури замонро таманно дорам.
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон