қабули донишҷӯёнро барои соли таҳсили 2023-2024 эълон менамояд
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 10.08 то 25.08.2023 сурат мегирад.
Имтиҳоноти қабул ба Маркази таълимӣ аз 26.08 то 31.08.2023 баргузор мешавад.
Ба Маркази таълимӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, дар шакли таҳсили рӯзона дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе таълим мегиранд, бе маҳдудияти синнусолӣ қабул карда мешаванд.
Ба Марказ духтарон — донишҷӯёни боистеъдоду болаёқат ва онҳое, ки тариқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, қабул карда мешаванд.
Ҳангоми қабули духтарон ба Марказ талаботи зерин ба эътибор гирифта мешавад:
– донишҷӯдухтароне, ки соҳиби квотаи Президентӣ мебошанд;
– донишҷӯдухтароне, ки МТМУ- ро бо аттестати аъло хатм намудаанд;
– донишҷӯдухтароне, ки берун аз нақшаи таълим аз курсҳои махсус гузашта, шаҳодатнома (сертификат) гирифтаанд.
Донишҷӯдухтароне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло, нуқра ва аттестат (шаҳодатнома)-и намунаи махсус хатм намудаанд, ғолибони олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (ҷойҳои 1, 2 ва 3) мебошанд, ба Маркази таълимӣ бе озмун – тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
Таълим ва тарбия дар Маркази таълимӣ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ амалӣ карда мешавад.
Довталабон пеш аз озмун ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Ариза ба номи директор;
2. Нусхаи шиноснома;
3. Нусхаи шаҳодатнома (аттестат) дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ;
4. Маълумотнома аз муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил мекунад;
5. Нусхаи Протоколи суҳбати комиссияи қабули квотаи Президентӣ, ки донишҷӯ сазовори квотаи Президентӣ гаштааст;
6. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №086у);
7. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
8. 4 дона расми андозаи 3х4
Суроғаи мо: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 149
тел.: 224-55-02, 224-89-55
