ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

8-уми июли соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Дар он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардори раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, интиқол аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар, идомаи таҳсил дар шуъбаи магистратура, аз нав барқарор намудани аттестати хатм ва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилоти худ ва пешбурди соҳаи маорифи кишвар ба вазир манзур намуданд.
Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм