ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

8 -уми июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давоми 6 моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориашонро, ки аз 5 то 8 июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, доир ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва вазифаҳои дарпешистода андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он — хушксолӣ ва камобии пайдарҳам зиндагии мардуми сайёраро, махсусан, дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ торафт мушкилтар гардонида истодааст.
Сарвари давлат дар робита ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурданд, ки татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ бояд вазифаи ҳар як фарди кишвар бошад.
Бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки корро ҷиҳати ҷалби ҳар чи бештари сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшанд.
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд сохтмон ва барқарорсозии 12 000 иншооту бино, аз ҷумла, 700 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 26 фоизи нақша иҷро гардидааст.
Ба роҳбарону масъулони вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки аз ҳоло барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва аҳолӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 чораҷӯйӣ намоянд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, фаъолон ва сокинони вилоят ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, заҳматдӯстӣ ва риояи интизоми хизматӣ барору комёбӣ орзу карданд.
president.tj