ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КИЛКИ ЗАРРИН” МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №2, барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 7 июни соли 2023 таҳти №35 дар ташкилоти ибтидоии “Килки заррин”-и Нашрияи рӯзномаи “Омӯзгор”-и Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Дар баргузории маҷлиси мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок намуданд. Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо суханони ифтитоҳии Наботов Ш.С. — муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардида, ҳозирин бо рӯзнома ва регламенти корӣ ошно карда шуданд.
Аввалан ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Килки заррин” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023; интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Килки заррин”, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.