КОЛЛЕҶ ДАСТБОЛО ШУД

Дар асоси Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №481 аз 27 апрели соли 2023 “Дар бораи гузаронидани мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара” аз ҳисоби курсантони коллеҷ дастаи варзишгарон таъсис дода шудааст.
Охири моҳи май дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид, ки курсантони коллеҷи мазкур низ дар ҳайати 8 нафар бо роҳбарии муаллими омодагии ҷисмонии кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии коллеҷ, капитани милитсия Қ. Соибзода ба ин мусобиқа вобаста карда шуданд.
Дар оғози мусобиқа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода суханронӣ кард.
Мусобиқа аз рӯи 10 номинатсия: ҳаво додани норинҷак (700 гр), ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи оташфишони тамғаи автомат-Калашников, гӯштини миллӣ, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ бо грифи 24 кг, қату рост кардани дастон, бандкашӣ ва эстафетаи даставӣ баргузор шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти холҳои дастаҳо, бо ишғол кардани ҷойи дуюм ҳайати варзишгарони коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навъҳои гуногуни варзиш бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаҳои махсусро гардиданд.
Дар мусобиқа аз рӯи номинатсияҳои эстафетаи даставӣ ва бандкашии даставӣ дастаи коллеҷ ҷои 3-юмро ишғол намуд.
Ҳусноро ТӮРАЕВА,
майори хидмати дохилӣ, сардори кафедраи коллеҷи
оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон