ДАСТОВАРДҲОИ ИШТИРОКДОРОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ

8-уми июни соли равон дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат даромадгоҳи толор бо намоишгоҳи дастовардҳои рушди ҳаракати олимпии ҷумҳурӣ дар сабқатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва бо лавҳаю овезаҳои электронӣ оро дода шуда буд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот ва хонандагоне, ки соли равон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ ғолиб омадаанд, иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мазкурро табрик намуда, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Пешвои миллат ба рушду нумуи яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳим, афзалиятнок ва калидии ҷомеа — маориф ва илм, ҳамзамон, таълиму тарбия ва дастгирии ҳамаҷонибаи наврасону ҷа-вонони соҳиб-маърифату боистеъдоди мамлакат бағоят зиёд аст ва яке аз ҳадафҳои асосие, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, дастгирии ҳамаҷонибаи нав-расону ҷавонони боистеъдод ва вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳадаф аз ин тадбир, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо роҳандозӣ шудааст, дар сатҳи зарурӣ ва ба таври шоистаю хотирмон барпо намудани маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ дар соли равон мебошад.
Дар ин самт, вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», инчунин, татбиқи “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №113 ва дигар таъкиду ҳидоятҳои Сарвари мамлакат дар баробари озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” дар ҷумҳурӣ баҳри таъмини рушди ҳаракати олимпӣ барои зинаҳои 2-юм ва 3-юми таҳсилот 24 олимпиадаи фаннӣ бо иштироки доираи васеи хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронда хоҳад шуд.
Натиҷаи ҷамъбасти иштирок ва дастовардҳои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли равон 1863 нафарро дар бар гирифта, 395 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (27 медали тилло, 86 медали нуқра ва 282 медали биринҷӣ) гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ вобаста ба типи муассиса (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназия), муассисаи давлатии таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара сазовори ҷойи якум, муассисаи таълимии давлатии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи якум, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино сазовори ҷойи дуюм, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Яке аз вижагиҳои маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфи 11 дар он буд, ки дар рафти ҳамоиш баъди ҳар ним соат лаҳзаи фароғат ва савту наво пешниҳоди ҳозирин гардид.
P.S:Соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 8243 нафар хонанда иштирок намуда, аз рӯи ҷамъбасту натиҷагирӣ 2933 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (147 медали тилло, 573 медали нуқра ва 2213 медали биринҷӣ) гардиданд.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»