СИФАТИ ТАҲСИЛОТ – МУҲИМТАРИН МАСЪАЛАИ СОҲАИ МАОРИФ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф ин баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад».
Ё дар ҷойи дигар, Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки «…дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар…».
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сифати таълим, расидан ба дастовардҳои назаррас тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин, бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот ба рушди соҳаи илм ва маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққату эътибори аввалиндараҷа дода, зимни санҷишҳои нақшавӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ фаъолияти онҳоро назорат карда, инчунин, дар раванди банақшагирӣ ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.
Дар рафти баргузории аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ ва санҷишҳои сатҳи сифати таҳсилот дар баъзе муассисаҳои таълимӣ норасоии омӯзгорон, ғайриихтисос дарс гуфтани онҳо, нарасидани китобҳои дарсӣ, махсусан, таълимашон ба забонҳои русӣ, англисӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани заминаи моддию техникӣ, нарасидани синфхонаҳо ва ҷойи нишаст, тибқи талабот мавҷуд набудани кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ (аз фанҳои химия, биология ва физика), норасоии компютерҳо, тахтаҳои электронӣ, тибқи талабот фаъолият накардани китобхонаҳои электронӣ, аз такмили ихтисос нагузаштани омӯзгорон ба назар мерасад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки мавриди санҷиш қарор дода мешаванд, зимни санҷишҳои нақшавӣ, аттестатсияҳои давлатӣ ва санҷиши сифати таҳсилот ба амалӣ намудани нақшаву барномаҳои ба рушди соҳа нигаронидашуда диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт ба фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ баҳои сазовор дода мешавад.
Дар раванди санҷишҳо маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ доранд (литсей, гимназия ва мактабҳои Президентӣ), дар пешбурди фаъолияти таълимӣ омӯзгорони соҳибкасб ҷалб гардида, инчунин, таъминот бо китобҳои дарсию маводи таълимӣ ва ҷойи нишаст дар синфхонаҳо хуб ба роҳ монда шудааст, ки ба баланд гаштани сатҳи сифати дониши хонандагон мусоидат менамояд.
Дар баъзе аз литсейҳои касбию техникии ҷумҳурӣ норасоиҳо, аз қабили тибқи талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ нарасидани омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии дорои дараҷаҳои олию якум, таъмин набудани кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ ҷой доранд.
Бояд зикр намуд, ки бисёре аз муассисаҳои санҷидашудаи таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани системаи нави таълим бо технологияҳои иттиллоотию коммуникатсионӣ, бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, лабораторияҳо ва ғайра таъмин буда, дар раванди таълим аз онҳо самаранок истифода менамоянд.
Зикр бояд намуд, ки боло бурдани сифати таҳсилот ва ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонидани он ба дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳо, гардиши китоб, таъминот бо адабиёти тахассусӣ, махсусан, ба забони тоҷикӣ, ҷалби донишҷӯён ба мутолиаи китоби таълимию бадеӣ, беҳтар намудани фаъолияти китобхонаҳои электронӣ алоқамандии зиёд дорад.
Аз ин рӯ, ҳар як муассисаи таълимиро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани сифати дониш, ба таври зарурӣ омода будани омӯзгорон ба дарсҳо, ҷалб намудани омӯзгорони ихтисосманд, дар сатҳи зарурӣ қарор доштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони ҷавон, дуруст истифода намудани аёният ва воситаҳои техникӣ дар раванди машғулиятҳо, таъмини китобҳои дарсӣ, дар сатҳи зарурӣ истифода кардани методҳои гуногуни таълим аз тарафи омӯзгорон, ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб кардани омӯзгорон, ба роҳ мондани корҳои фардӣ бо хонандагон, ташкил ва баргузор намудани корҳои беруназсинфии дорои хусусияти таълимӣ, дар сатҳи зарурӣ бедор кардани шавқу завқи хонандагон барои илмомӯзӣ, риоя гардидани меъёри баҳогузорӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳамкории падару модарон бо муассисаи таълимӣ вобаста ба беҳтар намудани донишандӯзии хонандагон диққати ҷиддӣ дода, кӯшиш намояд, ки фаъолияташ натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Ашӯрмад ОЛИМОВ,
сармутахассиси шуъбаи
баҳодиҳӣ ва мониторинги
сифати таҳсилоти
Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон