Дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” “Марказҳои таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи марказҳои рақамии бонкӣ, ректори донишгоҳ, профессор Аюб Усмонзода, роҳбари Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Хуршед Саидшозода, намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” Зафарҷон Раҳмонов ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Профессор Аюб Усмонзода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ иброз кардаанд, ки системаи самарабахши бонкӣ шарти муҳимтарини рушди босуръати иқтисодӣ мебошад. Гуфта шуд, ки имрӯз таҳаввулоти куллӣ дар низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, ки минбаъд бидуни усулҳои инноватсионӣ таъмини сифати дилхоҳи таҳсилот имконнопазир мешавад. Истифодаи самараноки васоити муосири техникӣ дар баробари таъмини сифати таҳсилот барои идомаи таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон ва татбиқи намудҳои гуногуни таҳсилот нақши муассир дорад. Бо дарназардошти чунин омилҳо, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори кор нигаронида шудааст.
Маркази иттилоот ва
таҳлили ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров