СОҲИБИЛМУ ОБРӮМАНД

Устод Исроил Иброҳимов солҳои зиёд ба таълиму тадрис ва тарбияи ҷавонон машғул шуда, дар соҳаи илм ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Мавсуф соли 1963 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Дар мактаби миёна аълохон ва узви чанд маҳфили фаннӣ буд. Дар Маркази техникии ҷавонони Ҷамоати деҳоти Ёва дар маҳфилҳои “Киномеханик” ва “Фотограф” иштирок карда, сазовори ҳуҷҷати касбӣ гардид. Соли 1979 ба факултети физикаи ДДПЛ дохил шуд.
Соли 1984 бо роҳбарии дотсент Абдуалӣ Абдуманнонов дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён аз фанни физика иштирок карда, сазовори ҷои аввал гардид ва дар олимпиадаи умумииттифоқӣ дар шаҳри Рига низ ширкат варзид. Соли 1984 аз вазифаи лаборанти калони ДДПЛ дар кафедраи физикаи умумӣ оғози фаъолият намуд. И.Иброҳимов ба коршоямии асбобу таҷҳизоти озмоишгоҳҳо мутасаддӣ буд ва асбобҳоро барои корҳои лабораторӣ омода менамуд.
Солҳои 1986-1987 ҳамчун коромӯз — тадқиқотчӣ ба Пажуҳишгоҳи физикию техникии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) ба номи А.Ф.Иоффе фиристода шуд. Ӯ ба тадқиқоти илмии омӯзиши вайроншавии металҳо ва полимерҳо машғул гардид. Баъд дар вазифаи ходими хурди илмӣ дар назди кафедраи физикаи умумии ДДПЛ ду сол фаъолият дошт. Соли 1999 ба аспирантураи Пажуҳишгоҳи физикию техникии шаҳри Ленинград ба номи А.Ф.Иоффе зери роҳбарии профессор Виктор Веттегрен дохил шуд. Дар давоми таҳсил корҳои илмию тадқиқотиро дар мавзуи “Зуҳуроти омори лаппишҳои атомӣ дар вайроншавии полимерҳо” гузаронида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз натиҷаи корҳои илмию тадқиқотияш дар конференсияҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ маъруза намуда, онҳоро ҳамчун мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии марказӣ чоп кард.
Рисолаи номзадияшро дар шаҳри Санкт-Петербург, (соли 1994) дар Шурои махсуси диссертатсионии Пажуҳишгоҳи пайвастагиҳои калонмолекулавии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика гардид.
Солҳои 1996-1999 дар вазифаи муаллими калони филиали хуҷандии Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон (ФХДДТТ) дар кафедраи физика фаъолияти илмию педагогии худро ба роҳ монд. Солҳои 1999-2001 дар вазифаҳои муаллими калон ва дотсенти коллеҷи аграрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд. Аз соли 2001 инҷониб дар Комплекси ягона Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар вазифаҳои муаллими калон ва дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, (ҳоло Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон) фаъолият дорад. Аз фанҳои информатика, базаи маълумот, консепсияҳои табиатшиносии муосир, технологияҳои информатсионӣ, назарияи системаҳои иттилоотии иқтисодӣ дарс мегӯяд.
И.Иброҳимов ҳамчун устоди варзида солҳои тӯлонист, ки роҳбари семинари илмии кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ва роҳбари рисолаҳои хатми бакалавр ва магистрӣ мебошад. Саҳми ӯ дар пешбурди корҳои таълимӣ — методии донишкада назаррас аст. Вай муаллифи зиёда аз 25 китобу дастури таълимӣ, 100 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмию оммавӣ ва тарбиявию сиёсӣ мебошад. Аз натиҷаи корҳои илмии худ дар зиёда аз 40 ҳамоиши илмии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ маърузаҳо намудааст.

Нарзулло ҚОБИЛОВ,
профессори кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумруки
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ,
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
Рӯзноманигор