Бо мақсади иҷрои банди 5 — и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №126 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» вобаста ба супориши зерин: «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасонро таъмин карда, барои самаранок гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ чораҷӯйӣ намояд» аз ҷониби Вазорати маориф ва илм чораҳои дахлдор андешида шуд. Тибқи фармоиши вазири маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки то 1 июни соли равон корҳои сохтмонӣ, таъмиру тармим, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию гулшинониро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабӣ ба анҷом расонида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Вазорати маориф ва илм маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-31-уми майи соли 2023 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, намояндагон аз вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, молия, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории семинар-машварат иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти омодагӣ ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабии назди раёсату шуъбаҳои маориф ба шумор мерафт. Иштирокдорони семинар-машварат дар давоми ду рӯз ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ аз ҷониби намояндагони масъули вазорату идораҳо тартибу роҳҳои ташкили истироҳатгоҳҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдори назоратии давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини бехатарии истироҳаткунандагон, таъминот бо мутахассисони соҳаи тиббу солимгардонӣ, таъминот бо мураббияҳо, дастуру маводи таълимию тарбиявӣ, барномаҳои ташкилу баргузории истироҳатгоҳҳо ва тавсияҳои методӣ доир ба баргузории истироҳатгоҳҳоро пайдо намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм ба иштирокдорони семинар-машварат дар масъалаҳои муҳимми роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, таҳияи нақшаву барномаҳои корӣ, ҳуҷҷатнигорӣ тавсияҳои методӣ расонида шуд. Ба иштирокдорони семинар-машварат «Дастур оид ба фаъолияти истироҳатгоҳи наздимактабӣ «Марҳабо тобистон», ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм таҳия ва пешниҳод шудааст, ба таври аёнӣ ва тавсиявӣ муаррифӣ шуд.
Бахши иттилоотии
Маркази ҷумҳуриявии
муассисаҳои таҳсилоти иловагии
Вазорати маориф ва илм,
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»
