НАХУСТМАРҲАЛАИ ТАРБИЯ

Таълиму тарбияи томактабӣ раванди мақсаднок буда, қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнии кӯдаконро инкишоф дода, ба оила ва падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин, омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мадад мерасонад.
Вазифаҳои асосии таълиму тарбияи томактабӣ ҳифз ва таъмини беҳдошти вазъи саломатӣ, инкишофи равонӣ, маънавӣ ва неруи эҷодии кӯдакони синни томактабӣ, дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ба Ватан мебошад. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаю барномаҳои таълимӣ амалӣ мегардад. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машғулиятҳои таълимӣ мувофиқи синну соли кӯдакон ба роҳ монда шудаанд, аз ҷумла, машғулияти шиносоӣ бо муҳити атроф, инкишофи нутқ, омодагӣ ба саводомӯзӣ, ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ, хештаншиносӣ, тартибдиҳӣ, меҳнати дастӣ, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, расмкашӣ, гулмонӣ, суробсозӣ. Машғулиятҳо дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз 5 қисм, яъне қисми ташкилӣ, такрори мавзуи гузашта, баёни мавзуи нав, лаҳзаи дамгирӣ ва ҷамъбасти машғулият иборат мебошанд.
Ҳамчунин, бозӣ, фаъолияти мустақилонаи кӯдакон, хоби рӯзона, сайругашт тибқи реҷаи намунавии рӯз дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи омодагӣ ба мактаб кӯдакон фаъолияти гуногунро иҷро менамоянд ва дар он таълим нақши калон мебозад. Онҳо маҳорати амалу гӯш кардан, иҷро кардани супориши калонсолро пайдо менамоянд. Инкишофи маърифатии кӯдакон ба худ шаклҳои мураккаб мегирад. Дарккунии кӯдакон мақсадноку оммавӣ мешавад. Мушоҳидаи кӯдакон инкишоф ёфта, қобилияти муҳимми сенсории онҳо ташаккул меёбад. Шунавоии фонематикии кӯдакон такмил меёбад, онҳо овозҳои забони модариро хуб дарк менамоянд ва мавқеи овозҳоро дар калима муайян мекунанд. Кӯдакон ҳикояю афсонаҳоро нақл мекунанд ва гӯш кардани мусиқиро ёд мегиранд.
Гулсара ТОШМАТОВА,
корманди масъули раёсати маорифи
вилояти Суғд