ОМӮЗГОРИ ҚАҲРАМОН

Муҳаббат Маҳмудова 23 майи соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Оилаи Қосимовҳо (Маҳмуд Қосимов — падари Муҳаббат Маҳмудова) яке аз оилаҳои намоён ва маърифатпарвари шаҳри Хуҷанд ба шумор мерафт. Вақте ки Муҳаббат 3-сола буд, оилаи онҳо ба ноҳияи ҳозираи Ваҳдат кӯчида омад ва Маҳмуд Қосимов дар вазифаи раиси савхози ин ноҳия ба кор шуруъ намуд.
Модари Муҳаббат Маҳмудова – Марзия Қосимова ҳам зани бомаърифат буд ва ба таҳсили фарзандон аҳаммияти махсус медод. Духтари соҳибистеъдодаш пас аз хатми мактаб-интернат соли 1936 омӯзишгоҳи педагогии Душанберо хатм намуд.
Фаъолияти омӯзгориаш соли 1938 (аз 15-солагиаш) оғоз гардид.
Дар ин сол ба шурои деҳоти Хӯҷабойқули ноҳияи Ваҳдат духтараке омад. Ӯро дар мактаби ҳафтсолаи ин ҷо самимона истиқбол намуданду хона доданд, шароити кору зист фароҳам оварданд.
— Марҳамат, — гуфтанд роҳбарони мактаб, — акнун деҳқонбачаҳоро илм омӯзонед, онҳо ташнаи илманд. Муҳаббат маънидорона табассум кард. Ин табассум аз ибтидои зиндагонии хушбахтонаи ӯ башорат медод. Дарси аввалини худро дар анбори пахтаи колхоз баргузор намуд. Муҳаббат Маҳмудова 12 сол дар ҳамин ҷо дарс гузашт. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ду вазифа: мудири таълимгоҳ ва омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кор кард. Соли 1944 ӯро Вазорати маориф бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ кард. Баъд аз тамом шудани ҷанг ба шаҳри Душанбе барои идома додани таҳсил дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ омад. Ва дар баробари ин фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби №10-и пойтахт давом дод. Мактаби олиро бомуваффақият хатм намуд.
Аз оғози фаъолияти мактаби №53-и шаҳри Душанбе (январи соли 1965) Муҳаббат Маҳмудова ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолияташро ин ҷо давом дод. Муддате дар вазифаи мудири бахши таълими синфҳои ибтидоӣ низ кор кард.
Минбаъд ӯро чун муаллимаи пуртаҷрибаю навовари мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе мешинохтанд, иззату эҳтиром мекарданд. Вақте ки таълими шашсолаҳо ба роҳ монда шуд, Муҳаббат Маҳмудова синфи 1-уми таҷрибавиро ба уҳда гирифт. Аввал ба воситаи анкетаи махсус бо шогирдонаш ҳаматарафа ошно шуд. Қобилияту сатҳи саводу нутқи ҳар як талабаро омӯхт. Дар ин замина фаъолият карда, ба комёбӣ ноил гардид.
Муҳаббат Маҳмудова дарсро бунёди фаъолияти худ мешуморид.
– Мақсади педагогӣ, — мегуфт ӯ, — натанҳо ба бачаҳо ёд додани хондану навиштан, балки дар қалби онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию эҳтиром ба маданияти халқҳои гуногун мебошад.
Ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ чандин сол аз рӯи дастури «Таблитса, алифбои бурида ва ҳиҷоҳо» — и тартибдодаи Муҳаббат Маҳмудова фаъолият доштанд.
Аз соли 1964 Муҳаббат Маҳмудова дар Донишкадаи такмили ихтисоси шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дарс мегуфт. Вай дар ҳамон солҳо таҷрибаи пешқадами педагогҳои Липетск ва Ростовро дақиқ омӯхта, дастраси дигарон гардонидааст. Ин омӯзгори варзида дар Тоҷикистон аввалин шуда ба ҷорӣ намудани барномаи таълими ибтидоии 3-сола шуруъ карда, дар таҳия ва татбиқи барномаи нави таълими математика ҳиссаи сазовор гузоштааст.
Ҳар як дарси Муҳаббат Маҳмудова хеле шавқовар ҷараён мегирифт. Ҳатто такрори дарсҳои гузашта ҳам барои талабагон тариқи хос дошт, онҳоро ба шавқ меовард.
Омӯзгороне, ки бо ин бонуи маърифатманд кор мекарданд, мегӯянд, ки аксар вақтҳо аз талабае хоҳиш мекард, тафтиш намояд, ки рафиқи ӯ мисол ё масъалаеро дар назди тахтаи синф дуруст ҳал кард ё не.
Дар ин гуна мавридҳо бачагон натанҳо барои кори супоридашуда масъулият ҳис мекунанд, балки ба рафиқашон ёрӣ расониданро ҳам зарур мешуморанд. Маҳмудова ба тарбияи башардӯстӣ диққати махсус медод. Ба шогирдонаш мунтазам хондани адабиёти бадеиро талқин мекард.
Ҳамчунин, ба тарбияи маънавии бачагон эътибори махсус медод. Вай ба ҳамаи бачагон яксон муносибат мекард. Дар синфи муаллима «дӯстрӯякон»-и алоҳида ба чашм намерасиданд. Муаллима тамоми имконотро истифода мебурд, ки талабагон дар руҳияи эҳтиром ба оила, хонавода, падару модар тарбия гиранд.
Барои ба дараҷаи баланд ба роҳ мондани кори таълиму тарбияи насли наврас Муҳаббат Маҳмудова соли 1964 унвони «Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон»-ро сазовор гашт. Ин барои аҳли мактаби №53 ифтихори бузург буд.
Ин зани фаъолу ҷасур ду бор вакили Анҷумани умумииттифоқии муаллимон интихоб гардида буд. Ӯ дар хонишҳои педагогии шаҳрҳои Ленинград, Алмаато, Маскав ва Қазон ба муаллимон дар бораи таҷрибаи судманди худ оид ба усулҳои нави таълим дар синфҳои ибтидоии Тоҷикистон суханронӣ кардааст.
1-уми июли соли 1968 дар арафаи Анҷумани дуюми умумииттифоқии муаллимон барои хидматҳои пурсамару бардавом ва комёбиву тозакориҳояш дар кори таълиму тарбия ба Муҳаббат Маҳмудова унвони олӣ – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шуд. Сирри асосии комёбиҳои муаллима дар он буд, ки касби худ ва бачаҳоро самимона дӯст медошт.
Ӯ то соли 1986 дар мактаби №53 ба омӯзгорӣ машғул шуд, баъд ба нафақа баромад, вале иртиботашро бо мактаби азизаш нагусаста, баҳри беҳбудии таълиму тарбия дар мактаб пайваста ёрии худро дареғ намедошт.
Муҳаббат Маҳмудова муаллифи 50 мақолаи илмию методӣ мебошад.
Ӯ таҳиягари аввалин дастури «Сармашқ» бо забони тоҷикист. Дар навиштаҳои худ даҳҳо усули нави таълимро пешниҳод намудаву шарҳ додааст.
Солҳои 1970-1974 Муҳаббат Маҳмудова депутати Шурои Олии ИҶШС даъвати 8-ум, инчунин вакили мардумии шурои депутатҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ интихоб гардидааст.
Моҳи марти соли 1994 омӯзгори номвару соҳибтаҷриба, зани ҳалиму хоксор Муҳаббат Маҳмудова аз ҷаҳон даргузашт.
Ҳаёт ва фаъолияти ӯ намунаи олии садоқат ба соҳаи маориф, фидокорӣ дар ҷодаи таълиму тарбия мебошад.
А. БОРОНОВ,
собиқ директори гимназия,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
Т. ҶУМЪАЕВ,
собиқ ҷонишини директор
оид ба таълим,
Аълочии маорифи Тоҷикистон