ОМОДАГӢ БА ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм вобаста ба баргузории даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода, корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода, сардорони раёсатҳои дахлдор, шуъба, бахш, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, аъзои комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ва сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки озмуни мазкур рӯзҳои 29 май – 11 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.