ДАВРИ НИҲОӢ

26-уми майи соли 2023 дар литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки олимпиадаҳои фаннӣ барои баланд бардоштани руҳия ва масъулияти хонандагон саҳми худро гузошта, баҳри рушди соҳаи маориф замина фароҳам меорад.
Дар олимпиадаи мазкур 2200 нафар хонандаи синфҳои 9-10 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ иштирок карданд.