ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН

Дар коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, кормандони раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Лутфия Абдулхолиқзода гуфт, ки мақсад аз амалӣ сохтани иқдомот дар самти рушди илму маориф, махсусан, ташкили озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии насли ҷавон, беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй мебошад.
Сипас, иштирокчиён бо тартиби баргузории олимпиада аз тарафи масъулин шинос шуда, вобаста ба равия ва фанҳо байни худ сабқатро оғоз намуданд.
Дар олимпиада 55 нафар донишҷӯ аз 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 4 фан: забони англисӣ, таърих, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус иштирок намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон