АЛИҶОН СУЛАЙМОНӢ – ВАРЗИШГАРИ МУМТОЗ

Дар бозиҳои дуюмини зимистонии байналмилалӣ, ки дар Федератсияи Россия доир гашт, Тоҷикистонро чаҳор нафар варзишгар намояндагӣ намуданд. Дар ин мусобиқа 1000 нафар варзишгар аз 12 кишвар ширкат доштанд.
Варзишгари тоҷик Алиҷон Сулаймонӣ дар ин мусобиқа аз навъи слалом – гигант маҳорати баланд нишон дода, ҷойи аввалро соҳиб гардид ва парчами Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо боло бардошта, бо медали тилло ба Ватан баргашт.
Бояд гуфт, ки Алиҷон Сулаймонӣ дар ҷумҳурӣ аввалин варзишгарест, ки дар намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ медали тилло ба даст овардааст.
Мавсуф соли 2007 ба дунё омада, аз 7-солагӣ зери роҳбарии мураббии ботаҷриба Сайдакбар Эшонов ба омӯзиши ин навъи варзиш машғул гардидааст. Вай хонандаи синфи 9 — и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 14 –и ноҳияи Варзоб буда, имрӯз на танҳо ифтихори мактабу деҳа, балки тамоми тоҷику тоҷикистониён мебошад.

Муҳсин УМАРОВ,
омӯзгори МТМУ 14,
ноҳияи Варзоб