Бо мақсади мусоидат ба дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи адабиёт, ҳавасмандгардонии навқаламон барои идомаи фаъолияти мустақилона дар эҷоди асарҳои манзуму мансур, тарғиби мутолиаи китоб, ҷалби оммавии наврасон барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар доираи тадбирҳо ба муносибати эълон гардидани «Соли мутолиаи китоб» дар муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 16-20 майи соли 2022 Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси пойтахт доир гардида буд.
Ба Форуми мазкур 200 нафар довталаб-эҷодкори навқалами муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе корҳои эҷодии хешро пешниҳод намуда буданд, ки 55 нафари онҳо (31 нафар дар бахши назм ва 24 нафар дар бахши наср) ба сифати иштирокчӣ пазируфта шуданд. Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иштирокчиёни Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси пойтахт таҳти унвони «Килки сабз» ба чоп расид.
Форуми II навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти номи «Килки сабз» cанаи 10-11 майи соли равон дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Дар Форуми навбатӣ 145 нафар навраси эҷодкор навиштаҳояшонро фиристоданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои форум аз ҷониби ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбари Абдулло (дар бахши назм) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва Ҷумъа Қуддус (дар бахши наср) ба сифати доварон ҳикояву афсона ва шеъри бачаҳоро ҳаматарафа таҳлил намуда, баҳогузорӣ карданд. Дар охир навиштаҳои 51 нафар иштирокчии Форум барои нашри китоби “Килки сабз-2” интихоб гардид, ки 23 нафари онҳо чеҳраҳои наванд.
Насрулло ЮСУПОВ,
корманди Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе
