20-уми майи соли равон дар қисми ҳарбии 15018-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Дар он хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – ғолибони даври дуюм иштирок намуданд.
Мусобиқаи «Ватанпарвар» аз рӯи 5 шарт ва 8 намуд, аз қабили машқҳои сафороӣ, бардоштани гири 16-килоӣ, нишонзанӣ, ҷудо ва ҷо ба ҷо намудани қисмҳои автомати Калашников, пӯшидани ниқоби зидди газ, турниккашӣ, пешниҳоди варақаи ҳарбӣ ва бандкашӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, сардори раёсати маорифи ноҳия Зиёратшоҳ Назруллозода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муяссара Давлатзода ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳакамон, ки аз ҳисоби афсарони қисми ҳарбӣ интихоб шуда буданд, маҳорату истеъдоди иштирокдорони мусобиқаро баҳогузорӣ карданд. Дар ҷамъбаст дастаи шаҳри Конибодом сазовори ҷойи якум, дастаи ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи шаҳри Истаравшан сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибон туҳфаҳо, диплом ва ифтихорномаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм супорида шуд.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»