Давоми моҳи апрели соли 2023 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо ташаббуси Иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ дар шакли “Ассотсиатсияи ҳаракати умумимиллии Бобек” дар доираи лоиҳаи “Нашри байналмилалии китоб — 1” озмуни “Беҳтарин корманди илмӣ — 2023” байни муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои ИДМ доир гардид.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар озмуни мазкур намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии факултети идоракунии давлатӣ Иброҳимҷон Келдиев бо пешниҳоди мақолаи илмӣ иштирок намуда, соҳиби дипломи дараҷаи 1 ва нишони “Беҳтарин корманди илмии ИДМ” гардид.
