“Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар”. Ин ҳикмат моро ҳушдор медиҳад, ки дар таълиму тарбия, ташаккули ҷаҳонбинии солими фарзандонамон маъсул бошем ва нагузорем, ки онҳо бо амалҳои ношоистаи худ дар маҷрои зиндагӣ ба нокомию саргардонӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 11 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, бемасъулиятӣ дар тарбияи наврасон ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад.
Тавре аз иттилои сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода бармеояд, дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 1070 ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғону наврасон аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ мушоҳида шудааст:
– 124 нафар ноболиғ даст ба ҷиноят ва қонуншиканӣ задаанд. Аз ин миқдор 60 нафар дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд ва 64 нафар ба сабабҳои гуногун таҳсил намекунанд;
– 166 ҳолати ба садамаи нақлиётӣ дучор гардидани наврасону ҷавонон мушоҳида шудааст;
– 26 нафар аз ин ҳодисаҳо фавтидаанд;
– 37 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд;
– 256 ҳолати дуздӣ;
– 105 ҳолати авбошӣ;
– 52 ҳолати қаллобӣ…
Ин ҳолат аз аҳли маориф тақозо менамояд, ки бо истифода аз методҳои муосири таълим ва воситаҳои самарабахш кор бо шогирдонро такмил бахшем.
Сабаби дигари даст ба қонуншиканӣ задани наврасону ҷавонон бепарастор мондани онҳо мебошад. Албатта, ин ҳолат омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилавӣ волидайн ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва дар чунин ҳолатҳо фарзанди бесарпарастормонда даст ба амалҳои зишту қонуншиканӣ мезанад.
Боз як сабаби ба ифротгароӣ, оворагардӣ ва қонуншиканӣ даст задани ноболиғон ноустувории занҷири сегона: оила, мактаб ва ҷомеа мебошад.
Робитаи оила, мактаб ва ҷомеа маҳаки асосии тарбияи солими насли наврас аст. Маълум ки мактаб дар танҳоӣ, бе ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо ба пешравии назаррас ноил шуда наметавонад.
Равшан аст, ки тарбия ҷанбаи умумибашарӣ дорад, вале мақому манзилати омӯзгор дар таълиму тарбия нақши асосӣ мебозад. Хусусан, роҳбарони синфҳо дар ин самт масъулияти бузург ба дӯш доранд.
Паст шудани сатҳи таълиму тарбия имрӯз ба чунин омилҳо вобастагӣ дорад:
– таъсири манфии ҷаҳонишавӣ;
– тақлид ба фарҳангу маданияти бегона;
– сатҳи пасти тарбияи ҳуқуқӣ;
– таъсири иттилоот ва истифодаи номуназзами шабакаҳои интернетӣ;
– паст будани сатҳи зиндагӣ.
Дар ҳаёти наврасон давраи аз ҳама мураккаб давраи гузариш ном дорад. Маҳз дар ҳамин давра онҳоро хавфи пойбанди равияҳои номатлуби ҷамъиятӣ гардидан таҳдид мекунад. Дар ин марҳала омӯзгорро зарур аст, ки бо донишҳои амиқи педагогию психологии худ толибилмонро аз ҳар гуна хатарҳои номатлуб ҳифз намояд. Дар ин самт иҷрои чунин тадбирҳо манфиатбахш аст:
– дар руҳияи хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани хонандагон;
– ташкили тадбирҳои ташхисӣ-таҳлилӣ бо хонандагони душвортарбия;
– баргузор намудани кор-ҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии вобаста шудани наврасон ба равияҳои радикалӣ-экстремистӣ, наш-ъамандию нашъаҷалобӣ;
– таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи интихоби касб бо хонандагон;
– ҳар чӣ бештар ба раванди таълим ва тарбия ҷалб намудани волидайн;
– дар руҳияи муттаҳидӣ тарбия намудани хонандагон…
Раҷабалӣ ШАРИФОВ,
омӯзгор, мушовири шуъбаи
маорифи ноҳияи Ёвон,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
