ОҒОЗИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Дар коллеҷи тиббии хусусии шаҳри Бохтар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкат намуда, давоми ду рӯз донишу маҳорати худро аз рӯйи фанҳои табиатшиносию риёзӣ санҷида истодаанд.
Санаи 11-уми майи соли ҷорӣ дар маросими кушодашавии олимпиада муовини вазири маориф ва илми кишвар Лутфия Абдухолиқзода ширкат намуд. Мавсуф оид ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳсил ва рушди ҷавонон, дастгирӣ ва истифодаи шароиту имкониятҳои мавҷуда изҳори назар кард.
Сипас 201 донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯ ба шароити муосир дар олимпиада ширкат намуданд.
Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар давоми ду рӯз идома ёфта, ғолибон муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон