АМНИЯТИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТРО ҲИФЗ БОЯД КАРД

Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, дар ҷаҳони муосир амнияти аксари кишварҳоро зери хатар гузоштааст. Ин амали хатарнок дар аксари мамлакатҳои олам реша давонда, дар шаклҳои мухталиф зуҳур мекунад. Чи дар мамлакатҳои пешрафта ва чи дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, коррупсия мушоҳида карда мешавад. Якчанд аср қабл яке аз мутафаккирони машҳури дунё Ш.Л. Монтеске гуфта буд; “Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи нозарур мубаддал мегардад».
Аксари соҳибназарон бар онанд, ки маҳз аз байн рафтани давлатдории Юнони Қадим, агар аз як сӯ, сабаби ҷангҳои бемаъниву кишваркушоиҳои бисёр бошад, аз сӯйи дигар, дар дохили ҳукуматдорӣ пояҳои он ба сабаби ришвахориву тамаъҷӯйӣ хароб гашта, ба парокандагӣ ва аз байн рафтани императории ин давлат боис шуд.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва Нақшаи амалиёти истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар мебошад.
Бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ, омилҳои ба он мусоидаткунанда ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарзо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 июли соли 1999 фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҳкими мубориза дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» нашр гардид. Илова бар ин, 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардид. Барои боз ҳам тақвият бахшидан ба ин масъала бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10- уми январи соли 2007 таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ, молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқӣ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин, дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст.
Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсиаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба рафъ намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷомеа низ таъсиргузоранд.
Аз замони ба тасвиб расидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» 25 сентябри соли 2006 то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шудаанд. Санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, №1714 мебошад, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хидмати давлатӣ равона гардидааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар асоси ҳамин қонун тарғибу таш-виқи амалҳои зиддикоррупсионӣ, чораҳои мақсадноки фаҳмондани моҳияту муқовимат ба коррупсия тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешавад. Зимнан, муқовимат ба коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда шуда, самаранокии он ба иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандӣ дорад.
Дар ин замина, вазорату идораҳои марбута, ташкилоту муассисаҳои гуногун ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаи рафъи омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар самти муқовимат ба коррупсия тадбирҳои муайян роҳандозӣ намуда истодаанд.
Мо низ ҳамаи амалҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро маҳкум намуда, баҳри решакан кардани ин ҳодисаи номатлуб муборизаи беамон хоҳем бурд.
Миралӣ НУРОВ,
мудири шуъбаи кадрҳои
коллеҷи омӯзгории ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ