КАФОЛАТИ РУШДИ СОҲА АЗ НИЗОМИ КОР ВОБАСТА АСТ

(Мусоҳиба бо сардори раёсати маорифи ВМКБ Аминҷон Мирзоқандов)
— Муаллими муҳтарам, маълум, ки на танҳо баланд бардоштани сифати таҳсилот, балки тамоми паҳлуҳои раванди таълиму тарбия ба ташкили дурусти назорату роҳбарӣ рабт мегирад. Дар ин самт аҳли маориф ва кормандони соҳа дар шаҳру навоҳии вилоят кадом корҳоро ба анҷом расондаанд?
— Маълум аст, ки бе дониши мукаммал мутахассисони варзидаю соҳибмаърифатро тарбия ва ба камол расондан имкон надорад ва ҳамаи дигаргуниҳову пешравиҳо аз мактабу маориф сарчашма мегиранд. Раёсати маорифи ВМКБ, пеш аз ҳама, ба ташкили дурусти кори назорату роҳбарӣ диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт як қатор корҳоро амалӣ намуд. Вазъи таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври доимӣ мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода мешавад. Дар семоҳаи аввали соли 2023 ҷаласаи мушовараи васеи раёсати маориф баргузор гардид, ки дар он 3 масъалаи марбут ба вазъи таълиму тарбия бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, як масъала дар машварати васеи назди раиси вилоят, панҷ масъала дар машварати назоратии назди сардори раёсати маорифи вилоят баррасӣ гардид.
— Мусаллам аст, ки сифати дониши хонандагон ба заминаи моддию таълимии таълимгоҳҳо вобаста аст, зеро бе заминаи моддию таълимӣ аз хонандагон дониши хубро умедвор шудан имкон надорад. Барои тақвияту таҳкими заминаи моддию таълимии таълимгоҳҳо дар вилоят чӣ чораҳо андешида мешаванд?
— Дар соли 2023 барои рушди соҳаи маорифи ВМКБ 201 844 615 сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 32 241 811 сомонӣ ё 19% зиёдтар мебошад. Маблағи зикргардида барои таҳкими заминаи моддӣ – техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълимии вилоят равона шудааст.
Дар соҳаи маориф, дар маҷмуъ, сохтмони 11 иншоот бо ҷалби 140 млн 327 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд. Аз ҷумла, тавассути шуъбаи сохтмони асосии ВМКБ сохтмони 1 иншоот ба маблағи 2 млн 260 ҳазор сомонӣ, Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 иншоот ба маблағи 72 млн 247 ҳазор сомонӣ ва шарикони рушд 6 иншоот ба маблағи 65 млн 820 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Бояд қайд кард, ки зиёда аз 92% хонандагон дар вилоят бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд. Эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ дар соли таҳсили 2022-2023-юм 105978 нусхаро ташкил медод. Дар давоми соли таҳсили 2022-2023 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 42228 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид.
Барои хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғоб ба миқдори 170 нусха китоби дарсӣ дастрас карда шуд. Ғайр аз ин, аз ҳисоби Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5000 нусха китоби бадеӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба ҳар як шаҳру ноҳия 500 нусха, ба китобхонаи раёсати маорифи вилоят 850 нусха интиқол дода шуд.
— Маълум аст, ки дар меҳвари рушди соҳа омӯзгор қарор дорад. Мегуфтед, ки таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони варзида, ба хусус, омӯзгорони ҷавон дар кадом вазъ қарор дорад?
— Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ 5462 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Омӯзгорони МТМУ — и вилоят дар тамоми ҳамоишҳои соҳавӣ, сиёсию фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дар озмуни вилоятии “Омӯзгори сол” аз 8 нафар довталаб омӯзгори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадаминова ғолиб дониста шуд ва дар озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Дар даври вилоятии озмуни “Мураббии сол” мураббии кӯдакистони №2-и шаҳри Хоруғ М.Мамадодиева ғолиб дониста шуда, дар даври ҷумҳуриявии “Мураббии сол” соҳибҷоиза шуд. Дар озмуни вилоятии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ 8 нафар омӯзгори довталаб аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ширкат варзиданд ва 4 нафар ғолиб гаштанд. Мутаассифона, дар вилоят норасоии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба мушоҳида мерасад. Дар маҷмӯъ, норасоии кадрҳои педагогӣ 12 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи “Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои 442 нафар омӯзгор дараҷаи тахассусии олӣ муқаррар карда шудааст.
— Оё сифати таҳсил дар мактабҳои вилоят ба талаби замон ҷавобгӯй аст?
— Дар давоми семоҳаи соли 2023, тибқи нақшаи раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 13 муассисаи таълимию маркази таҳсилоти иловагии ВМКБ аз аттестатсия ва 9 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуданд.
Дар асоси маълумотҳои пешниҳодкардаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сатҳи сифати дониши хонандагони вилоят дар муассисаҳои таълимӣ дар се моҳи аввали соли 2023 67%-ро ташкил медиҳад, ки ин бо натиҷаи чоряки сеюми соли таҳсили гузашта баробар аст.
Соли 2022-юм 105 нафар хонанда дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ пирӯз гардида, 21 нафар бо медали тилло, 21 нафар бо медали нуқра ва 63 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуданд. Барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 349 нафар ғолиби даври сеюми вилоятӣ омодагӣ дида истодаанд. Аз ҷумла, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 162 нафар, мактаби Президентӣ 77 нафар ва литсейи Оғохон 110 нафар дар даври ниҳоӣ ширкат хоҳанд кард. Муассисаҳои таълимии вилоят барои дар сатҳи баланд доир намудани озмунҳои “Илм — фурӯғи маърифат”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Тоҷикон” — дар оинаи таърихи миллат” ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» омодагии хуб диданд. Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҳамасола озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор мегардад.

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор” ВМКБ