ВОХӮРИИ СУДМАНД

27-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон Ҳемра Тогалаков баргузор гардид.
Ҷамшед Ҷӯразода иброз намуд, ки ҳамкориҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда омили пешрафти тамоми соҳаҳо, хусусан, соҳаи маориф хоҳад буд.
Дар идома Ҳемра Тогалаков аз пазироии ҳайати Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки вусъати ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҷонибҳо мебошад.
Сипас, тарафҳо лоиҳаи сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Дӯстӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Туркманистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд