ВАСФИ КАЛОМИ САЪДӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи “Саъдӣ ва инкишофи ғазал” баргузор шуд. Маҳфилро ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом оғоз ва сарварӣ кард. Дар қисми ифтитоҳӣ сарвари донишгоҳ, ҳамчунин академик Носирҷон Салимӣ, докторони илми филология Шодимуҳаммад Сӯфизода, Бадриддин Мақсудов, корманди Институти забон ва адабиёти АМИТ Мубашшир Акбарзод ва устоди ДДХ Шарифҷон Тоҷибоев дар бораи паҳлуҳои гуногуни ғазалиёти Саъдии Шерозӣ суханронӣ карданд.
Дар қисмати дуюм гузоришҳои декани факултети филология Замира Ӯлмасова, мудири кафедраи таърихи адабиёти ДДХ Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев, устодони ДДХ Саидумрон Саидов, Ромиз Абдуллоев, Мухлиса Нуруллоева, Абдусаттор Абдуқодиров, Садриддин Мирзоев, Мӯсо Олимҷонов, Ҳалимҷон Зоиров ва шунида шуд. Дар охир донишҷӯён аз ашъори Шайх Саъдӣ намунаҳо хонданд.
Конференсия дар сатҳи баланд, бо ширкати устодону шогирдони факултетҳои филология ва шарқшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров баргузор шуд ва ширкаткунандагон аз ин таассуроти нек бардоштанд.
“ОМӮЗГОР”